Бахшҳо

Қаҳрамони Тоҷикистон пул мехоҳад

Абдулазизи ВОСЕЪ

Дар Тоҷикистон онҳое, ки ба варзиши №1 бетаваҷҷӯҳ нестанд, ҳоло бештари сари як мавзӯъ – ояндаи бошгоҳи “Равшан”, қаҳрамони дукаратаи футболи кишвар меандешанд. Ахиран, ин даста, ки қарор буд, дар бозиҳои Ҷоми АФК-2014 аз Тоҷикистон намояндагӣ кунад, изҳор дошт, дар гирдоби мушкили молӣ уфтодаву, ширкаташ дар ин сабқат зери суол аст.


Маъруф Рустамов, сармурабии “Равшан” дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бо далели мушкили молӣ то ҳанӯз омодагиҳо ба Ҷоми АФК-2014-ро шурӯъ накардаанд. Ин дар ҳолест, ки тибқи қарори Конфедератсияи футболи Осиё (АФК) “Равшан”-и Кӯлоб 2 феврали соли равон дар доираи даври плей-оффи Ҷоми АФК-2014 бо дастаи “Ал-Ярмук Ал-Равда”-и Яман бояд вориди қувваозмоӣ шавад. Ин бозӣ дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода дар назар буд, зеро варзишгоҳи “Равшан” ба меъёрҳои АФК мутобиқ нест.

Дилшод Шарифов, менеҷери дастаи “Равшан” мегӯяд, аз рӯи нақша мебоист даста тамринҳои худро аз 15 то 30-юми декабри соли 2013 дар хориҷи кишвар мегузаронд: “Баъдан, аз 5-ум то 2-юми феврал соли ҷорӣ тамрину омодагиҳои худро дар шаҳри Норак ё Қайроққум бояд доир мекардем. Бино ба сабаби мушкили молӣ ва нарасидани имконият, нақшаҳои мо амалӣ нагашт”.

Ба гуфтаи сармурабии дастаи “Равшан” футболбозони тим ду моҳи охир ҳеч маблағе дарёфт накардаанд: “онҳо ба ҷуз футбол шуғлу кори дигаре надоранд, ки даромад ба даст биёранд. Ман низ наметаонам онҳоро ба ин ҳол кор фармоям. Бештари онҳо аз дигар минтақаҳои кишваранд, агар онҳоро даъват кунем, пули иҷора ва хӯроки онҳоро пардохт кардан лозим, аммо маблағ нест”.

Ӯ афзуд, ки “бо ин далел натавонистем барои Саламону Мусо Содиқ, легионерҳои даста, ки дар ватани худ ҳастанд, чипта харем, то ба Тоҷикистон баргашта, ба даста пайванданд”.

Дилшод Шарифов дар як суҳбат ба “Озодагон” афзуд, ки айни замон дар сарпарастони тим ҳам мушкилии молӣ дида мешавад. “Ман бо президенти клуб вохӯрӣ доштам. Зайнулло Соҳибов бо вазъи кори “Сементи тоҷик” моро шинос кард. Айни ҳол, корхона мушкилиҳои фанниву молии зиёд дорад. Аз ин сабаб, ҳоло Соҳибов шароити ба пуррагӣ дастгирӣ кардани дастаро надорад. Аммо ваъда дод, ки то ҳадди имкон дастгирӣ хоҳад кард”.

Зайнулло Соҳибов, додари Шамсулло Соҳибов, яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раиси клуби “Равшан” аввалҳои моҳи равон ба курсии раҳбари корхонаи “Сементи тоҷик” нишаст.

Ҳоло гуфта мешавад, ояндаи ин даста норӯшан аст. Ҳарчанд, Маъруф Рустамов, сармурабии тим мегӯяд, онҳо талош хоҳанд кард, то дидор бо “Ал-Ярмук Ал-Равда”-и Яман баргузор шавад, зеро дар сурати акс “имиҷи футболи кишвар зарар мебинад. Новобаста аз он ки мо омодагӣ надидаем ва рақибон дастаи нерӯманд аст”.

Ба иддаои Дилшод Шарифов, менеҷери “Равшан” онҳо чандин маротиба ба тоҷирон ва ширкатҳо барои кӯмаки молӣ ба бошгоҳ муроҷиат намуда, аммо ҷавобе нагирифтаанд: “Тақрибан 50 мактуб барои дастгирии дастаи “Равшан” ирсол намудем. Ба мактуби мо танҳо ширкати “Вавилон- Moбайл” ҷавоб гардонд, ки шароити молияш хуб нест ва дасхости моро қонеъ карда наметавонад. 47 мактуби мо беҷавоб монд. Аз соҳибкорони маъруфи Кӯлоб, танҳо ҷаноби Наврӯз 20 000 сомонӣ ва Аваз Карибов 10 000 сомонӣ кӯмак карданд. Мо намехоҳем, ки номҳои шахсон ва ширкатҳоеро, ки барои кӯмак ба онҳо муроҷиат кардем, ошкор созем. Ҳар кадоми онҳо барои қудрати сарпарастии дастаҳои футболро доранд, аммо вақте кӯмаки молӣ хостем, ҷавоби рад доданд”.

Аммо Маликшоҳ Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон зимни нишасти хабарӣ гуфт, ки "ба ҳар роҳе, ки бошад, тими "Равшан" -ро дастгирӣ мекунем, ки ҳам дар бозии Ҷоми АФК ва чемпионати Тоҷикистон ширкат кунад. Тими "Равшан" воқеан командаи пурқувват аст ва ин тим ҳатман Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард".

“Равшан” яке аз бошгоҳҳои пешсафи лигаи олии футболи Тоҷикистон аст. Ин даста ду маротиба ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо ҳаводорони ашшадияш ном баровардааст. Дар таърихи футболи тоҷик аввалин “Фан клуб”-ро мухлисони “Равшан” ташкил намуданд, ки роҳбарияшро Шуҳрат Шонов бар уҳда дорад.

“Равшан” соли 1965 таъсис ёфта, аввалин маротиба соли 1992 дар мусобиқаи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ ширкат намуд. Соли 2002 зери унвони “Ансол”, солҳои 2003-2004 бо номи “Олимп-Ансол” фаъолият намуда, соли 2005 дигарбора номи “Равшан”-ро гирифт.

Соли 1994 Ҷоми Тоҷикистон оид ба футболро соҳиб гардид. Дорандаи медалҳои биринҷии чемпионати Тоҷикистон дар солҳои 1999 ва 2011 мебошад. "Равшан” ду соли ахир ба унвони қаҳрамони Тоҷикистон оид ба футбол даст ёфт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Madadgor
Surathisobi bonkii Ravshanro navised. Ta'rif ne ammo dastgirii shakhsan man 100 000$ ba Ravshan agar kifoya naboshad, boz mebinem.
Ahmad az Amerika

Равшан
Рахмат ба муаллифи ин мавод. Аз хама хубаш "Равшан" суратхисоб кушояд, мо мардуми Точикистон дастгириаш мекунем. Аз дусар аз ашхоси масъул буи умед нест!

бо харомбозию тахдид чемпион шуден .умри дуруг кутох аст

tj
И Зайнулло Соибов як дастара сарпарасти карда наметона.... Кулоб'Кулоб кам патхалими кнен холтон ай ида бад

Jovidon
Barodar madadgor... aqalan telefon yo e-mail xudatro ravon menavishti bad mo bo shumo dar aloka meshudem...Inxel az havo gap zaned, yagon kas shumoro bovar namekunad
salomat boshedMadadgor,

КУЛОБЧОН
vahdat,
агар хамин "Равшан" гами Хайри Вахдатро намехурду ба у гол мезад, холо медали биринчи дар гардани РегарТАДАЗ буд. Фаромуш кардед зориву таваллоятонро, ки ба мо гол назанед гуфта? Курнамаки накун!

бародар агар дар хакикат гапат рост боша мархамат контактои даста метавони аз инхо суратхисоба фахми ин кори бузургай бародар
918100555 маъруф рустамов мурабии даста
907757578 Дилшод Шарифов-менечери даста

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)