Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:49

Эътирофи президент: Дар бозии чавгон аз озариҳо дер мондем

17 январ 2014, 15:57

Фарҳод Раҳимов, президенти нави Академияи улуми Тоҷикистон, рӯзи 17 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе эътироф кард, ки тоҷикон дар масъалаи номнависи бозии чавгон дар ЮНЕСКО аз озариҳо ақиб мондем.

Ӯ гуфт, “аллакай озариҳо бозии чавгонро ҳамчун мероси ин халқ ба ЮНЕСКО пешниҳод кардаанд ва мо бояд эътироф кунем, ки дар ин масъала дер мондем.” Раҳимов дар умум таъкид кард, алайҳи ҳар нафар ё гуруҳе, ки талош мекунанд таърихи халқи тоҷикро таҳриф кунанд, мубориза хоҳанд бурд.

Ин дар ҳолест, ки охири соли гузашта гурӯҳе аз донишмандони тоҷик бо ирсоли як нома ба созмони ЮНЕСКО пешниҳод карда, иддао намуданд, бозии «чавгон», ки дар феҳристи созмони мазкур ба номи Озарбойҷон сабт шудааст, мероси муштараки тоҷикону озариҳо дониста шавад. Дар вокуниш ба ин иддао расонаҳои Озарбойҷон аз қавли масъулини вазорати фарҳанги ин кишвар овардаанд, ки чавгон бозии суннатӣ бо асп дар Қарабоғ мебошад, ки дар феҳристи мероси маънавии ЮНЕСКО ба пешниҳоди Боку шомил шудааст ва иддаои донишмандони тоҷик беасос аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Зиё

  • 17 январ 2014 21:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз номи точику бо номи точик сухан гуфтан хамаро монда кардааст. Хамин кадар мегуему лек точики асил бевазифаю сарсон....
Посух додан
  • гуй

  • 18 январ 2014 09:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ШУМОХО БО ИН АКИБМОНИАТОН БА ПЕШ НАМЕРАВЕД, ПАСМОНДАХОИ АЗИЗ.
Посух додан
  • Ватандор

  • 18 январ 2014 11:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Мухтарам Фарҳод Раҳимов аз гуфтахоятон маълум, ки хамчун гузашта аз дасти Академияи улуми Тоҷикистон чизе намеоя. Аз ин лихоз намешавад, ки хамин ихтироотхои нав ба нави Бек Зухуровро ҳамчун мероси ин халқ ба ЮНЕСКО пешниҳод намоед.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э биродар, ба халки мехнаткаши чабрдидаи точик барк гу.Мегарди а пушти Озарихо, чавган хокей гуфта. У Озарихоя дар ду умр сур кунем ,дарев намекунем, тенчан вае.Байракда пеш кардем ку. Асри 21 ай. Барка мухае кунен.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!