Бахшҳо

Генерали тоҷик қирғизҳоро ба паймоншиканӣ айбдор кард

Шараф Файзуллоев, фармондеҳи Ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, мегӯяд, низомиёни кишвар нияти сӯиқасд ба давлати дигарро надошта, аммо дар ҳама гуна шароит талошашонро барои ҳифзи Ватан идома хоҳанд дод. Генерали тоҷик ин нуктаро дар сӯҳбат бо “Пресса ТҶ”, ҳангоми ташреҳи тирпаронии 11 январ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, изҳор доштааст.

СНАЙПЕР, МИНОМЁТ...

Оқои Файзуллоев гуфтааст, тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои Исфара бо айби марзбонҳои қирғиз шурӯъ шуда, “нахуст онҳо бо истифода аз пулемёту камонҳои снайперӣ сарҳадбонони тоҷикро шадидан тирборон кардаанд.”

Ин генерали тоҷик афзудааст, марзбонҳои тоҷик дар навбати худ барои хомӯш гардондани оташфишонӣ бо ҳадафи аз маҳалли ҳодиса баровардани ярадорон миномёти калибраш хурдро истифода кардаанд: “Таъкид мекунам, оташфишонӣ аз ҷониби мо сирф сӯи маҳал ва бе нияти расондани талафот ба ҳайати шахсӣ сурат мегирифт. Фақат баъд аз истифодаи миномётҳо муяссар шуд, ки оташфишонӣ хомӯш гардад ва сарҳадбонони Қирғизистон ба сӯи қаламрави худ ақибнишинӣ карданд.”

ПРОТОКОЛИ 2008

Шараф Файзуллоев дар шарҳи иллати сар задани ин тирпаронӣ гуфтааст, “ҳодиса дар қитъаи обанбор, бинобар созиши қаблан бадастомада дар бораи манъи иҷрои корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои мувофиқатнашудаи Сарҳади давлатиро вайрон кардани ҷониби Қирғизистон, рух дод. Тавре Шумо медонед, ҷониби Қирғизистон ба дастури ноиби нахуствазири Қирғизистон Тоқон Мамитов истинод карда, сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой – Тамдиқро, ки аксаран аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, аз нав давом дод.”

Дар ҳоле ки ба гуфтаи генерал Файзуллоев, бар асоси протоколе, ки соли 2008 миёни мақомоти тоҷику қирғиз омода шудааст, ҷонибҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези марз, ки ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, набояд сохтмоне ба роҳ бимонанд: “Тавассути банди 2-и Изҳороти якҷояи президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба ҳукуматҳои ҷонибҳо супориш дода шуда буд, ки Созишнома дар бораи манъи фаъолияти хоҷагӣ дар қад-қади хати сарҳад то анҷоми муайян кардани демилитатсия ва аломатгузорӣ таҳия ва имзо кунанд. Вале ҷониби Қирғизистон, сарфи назар аз пешниҳодҳои чандинкаратаи ҷониби Тоҷикистон, имзои Созишномаи мазкурро қасдан кашол медиҳад, ки ин сабаби асосии шиддат дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошад.”

1924-1927 ё 1989?

Дар шарҳи ба дарозо кашидани муайянсозии марз фармондеҳи Ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон илова намудааст, Душанбе мехоҳад, сарҳадҳо дар асоси маводи солҳои 1924 – 1927 аломатгузорӣ шаванд, аммо Бишкек ҳуҷҷатҳои соли 1989-ро пеш меорад, ки аз расмияти ҳуқуқӣ нагузашта буданд: “Дар ниҳояти кор, ҷонибҳо ҳангоми муайян кардани хатти сарҳад ҳар ду ҳуҷҷатро чун асос қабул карданд. То имрӯз 550 километр (51,2%) сарҳади умумӣ аз расмияти муайян кардани маҳаллу мавқеият гузаштааст. Вале, вақте ки ҷонибҳо ба рӯйхат кардани ҳудудҳои баҳснок наздик шуданд, Ҷониби Қирғизистон аз мавқеи пештарааш рӯ гардонида, пешниҳод намуд, ки кори минбаъда мутобиқи сарҳадҳои аслан муқарраршуда, ки онҳоро маводҳои замин ва истифодаи об муайян мекунанд, ташкил карда шавад: Чунин мавқеи Қирғизистон аслан пеши роҳи ҳар кӯшиши ҳалли судманди масоили ҳудудро мегирад, зеро онҳоро аз асоси ҳуқуқӣ маҳрум месозад. Мувофиқи маводҳои солҳои 1924 -1927 деҳаи Ворух ҳаргиз анклав набуд. Ворух чун анклав дар солҳои 1950 -ум бидуни асосҳои ҳуқуқӣ, бо усули қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро забт, ғасб ва аз худ кардани шаҳрвандони Қирғизистон ташкил ёфт. Вазъияти ҳудуде, ки Қирғизистон дар он роҳи мошингарди Кӯктош – Оқсой – Тамдиқро месозаду он сабаби ҳодисаи охирин гардид, низ чунин аст. Мувофиқи маводҳои аз ҷониби мақомоти ваколатдори ИҶШС тасдиқгардидаи солҳои 1924 – 1927 ин ҳудуд ба ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил мешавад.”

СУКУТ ЧАРО?

Генерал Шараф Файзуллоев «сукути» тӯлонии худ ва фаъолии ҳамтоёни қирғизашро дар фазои иттилоотӣ низ шарҳ дода, гуфтааст, “ҳар гуна изҳорот ва шарҳу мулоҳизаҳои расмии шитобкорона ва бо далелҳо тасдиқнашуда қобили қабул набуда, мухолифи меъёрҳои одоби байналмилалию сарҳадӣ, аз ҷумла мухолифи аҳду паймони комиссияҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ мебошанд. Мо бо назардошти ҷиддияти вазъият баъди рух додани ин воқеа ҳамоно ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот додем, ки дар асоси он изҳороти расмӣ таҳия гардид. Мутаассифона, ҳамтоёни қирғизи мо амалияи мавҷударо ба инобат нагирифта, аз рӯзҳои аввали сар задани ихтилоф ба фаъолияти тарғибгарона шурӯъ карда, вазъиятро дар партави барояшон қулайю муфид зикр намуда, дар баёни воқеаҳо ба ғалату сохтакориҳои аз ҳад зиёд роҳ доданд, чунон ки пештар ҳам на як бор ҳамин тавр шуда буд. Зиёда аз ин, баъзе изҳорот ва шарҳу мулоҳизаро ашхосе иброз доштанд, ки дар мавриди сарҳад тасаввурот ва дар бораи хати ҳақиқии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон мутобиқи санадҳои қонунӣ иттилооти кофӣ надоранд.”

Бо ин ҳама, оқои Файзуллоев таъкид намудааст, ба дурнамои масоили марзии Душанбею Бишкек некбин аст. “Дар сурати мавҷуд будани азму иродаи дақиқи ҳамтоёни қирғизамон дар бораи риояи принсипҳои эҳтироми мутақобила ва татбиқи аҳду паймонҳоямон мо метавонем дар оянда чунин ҳодисаҳоро танзим карда ва ба минбаъд сар задани онҳо роҳ надиҳем,-таъкид доштааст.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои Тоҷикистону Қирғизистон нимирӯзи 11 январ дар маҳалли Хоҷаи Аълои Исфара рух дод, ки дар пай аз ду ҷониб ҳашт захмӣ боқӣ гузошт. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон шоми 11 январ бо пахши изҳороте гуфт, ин тирпаронӣ нахуст бидуни кадом огоҳӣ аз тарафи марзбонҳои қирғиз шурӯъ шудааст. Ҷониби Қирғизистон ҳам дар ин баҳс паст наомада, сафири худро аз Душанбе барои “мушовара” ба Бишкек хонд ва Тоҷикистонро дар сар задани ин ҳодиса муттаҳам кардааст.
Мӯҳр
КАЙ РАИСОИ МОЯМ РАНГИ КИРГИЗО АГИТАСИЯ МЕКУНАН ТАМОМИ РАСОНАХОИ КИРГИЗ ФАКАТ МОЯ МУТТАХАМ МЕКУНАН!НАБОЯД ГУЗАШТ КУНЕМ ДАР РОХИ ВАТАН МУРДАН ШАХИДИ АЪЛО!

ворухи
оксойихои киргизистони руирост рохи Куктош- Оксой- Тамдикро бо истифодаи техникаи замонави ва муктадир бо суръати баланд ва руирост даруни территорияи Точикистон кати сохта ба хонахои мо наздик омада истодаанд ва шумо чаноби файзуллоев дар бораи ким кадом протоколи гузашта ва умумигуии хавоиро доред. Бехтараш ба марз омада аз ин икдоми тачовузгаронаи киргиз ва суикасди онхо аз боли марзу буми ватанамон химоят кунед, набошад заминамонро шармандавор зада мегиранд.

то кай мо точикон тахаммул мекунем... хамсоягари хамин кадар будагист...он чо мардхоеро, ки як вакт аскари НФТ ва ОТО ном доштанд бурда мондан даркору халос. Ана баъд онхо мефахманд ки бо точикхо хазл кардан мумкин нест...Агар не хар чи гуфтан мегиранду хар чи кардан мегиранд...

Хонанда
Бо сукутатон шумо чанги иттилоотиро аллакай бохтед. Сукут боодоби нест, бехунари аст.

Масчохи
Сукут аломати ризо!!Сукут,ки кардед аз заминхои бобои мемонед.Чаноби генерал бояд худаш ба сари марз омада хама ро бо чашмони худаш бинад,фахмад ва дарк кунад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)