Мунтахаби ҷавонони Туркманистон аз ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 даст кашидааст
Яккачини ҷавонони Туркманистон аз ширкат дар мусобиқаи Ҷоми Иттиҳод-2014 оид ба футбол даст кашидааст.
Ба иттилои сомонаи расмии мусобиқа, ба ҷуз Туркманистон мунтахаби ҷавонони Узбакистон ҳам гуфтааст, дар сабқати мазкур иштирок нахоҳад кард. Узбакистон далели ин тасмимашро ба ширкат дар мусобиқаи футболи Осиё миёни ҷавонҳо дар Уммон рабт додааст. Аммо сабаби иштирок накардани туркманҳо шарҳ дода нашудааст.
Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 24 январ то 2 феврал дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир мегардад. Гуфта мешавад, ба ҷои тимҳои Туркманистону Узбакистон дастаҳои Маскав ва Санкт-Петербург ширкат мекунанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |