Вакилони Зайд Саидов ҳанӯз натавонистаанд шикоят бубаранд
Вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкор ва вазири пешини саноати Тоҷикистон, то ҳол натавонистаанд, аз болои ҳукми зиндони нафари таҳти ҳимояташон шикояти кассатсионӣ бубаранд. Оқои Саидов 25 декабри 2013 аз тарафи Додгоҳи олӣ ба 26 соли зиндон ва мусодираи амволаш маҳкум шуда буд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, гуфт, онҳо то ҳол нусхаи ҳукми Додгоҳи олиро дастрас накардаанд ва ин яке аз монеаи аслӣ барои бурдани шикояти кассатсионист. “Мо шикояти комил карда наметавонем, чун ҳоло нусхаи ҳукмро нагирифтаем. Ин ки ҳукмро ба мо намедиҳанд, худ нақзи қонун аст, вале ҳеч кор карда наметавонем”,-афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Шавкат Абдулхайров, додраси Додгоҳи олӣ ва раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, ба вакилони ӯ гуфтааст, танҳо дар сурате ҳукми додгоҳро барояшон хоҳад дод, ки ҷузъиёти онро ифшо накунанд. Баъдан, вакилони Зайд Саидов аз болои чунин шартгузории Шавкат Абдулхайров ба Маҷлиси Намояндагон ва Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олӣ шикоят бурда, вале то ҳол посухе дарёфт накардаанд.
Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидовро 25 декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов, баҳори соли 2013, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт ва барои қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам дониста шуд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |