Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:35

Тайланд: Варзишгари тоҷик чемпиони Осиё шуд

9 август 2011, 09:29

Баҳодур Қодиров дар Тайланд унвони қаҳрамони  Осиёро ба даст овард.


Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз кумитаи миллии олимпӣ иттилоъ доданд. Тибқи иттилои манбаъ, Қодиров аз 4-ум то 8-уми августи соли ҷорӣ баҳри иштирок дар мусобиқаи байналмилалӣ дар риштаи гӯштини тарзи озод дар шаҳри  Банкок» қарор дошт. Баҳодур Қодиров, дар ин қувваозмоӣ  дар миёни 350 варзишгар аз 20 кишвари олам, дар вазни 69 кило ҳунарнамоӣ намуда, сазовори ҷойи якум гардида, барандаи унвони қаҳрамонӣ ва нишони тиллои сабқат шуд. Азамат Давлатбекови қазоқ соҳиби ҷойи дуюм ва намояндаи Ӯзбакистон- Ислом Раҳимов мақоми сеюмро касб кард.   {jathumbnail off}


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!