Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 06:02

Фармони №116. Эмомалӣ Раҳмон дигар мушовир надорад

18 январ 2014, 12:17

Рӯзи 18 январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон чанде аз бахшҳои Дастгоҳи иҷроияи президентро барҳам дода ва чанд раёсати нав таъсис додааст.

Дар фармон омадааст, ки ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар гардад. Ҳамчунин, бахши мушовирони давлатии президент ба бахши ёрдамчиёни раисиҷумҳур табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони президенти Тоҷикистон, ёрдамчиёни президент ва сарвазири Тоҷикистон, ки дар котиботи президент ва котиботи сарвазир фаъолият менамоянд, барҳам дода мешаванд.

Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон таъсис ёфта, ба зиммаи он вазифаҳои нав вобаста ба соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ вогузор мешавад. Ҳамчунин, дар фармони Эмомалӣ Раҳмон аз таъсиси Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот, Раёсати молия, Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал, Раёсати рушди иҷтимоӣ, Раёсати илму маърифат, Раёсати рушди инфрасохтор, Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист, Раёсати робитаҳои хориҷӣ, Раёсати коргузорӣ ва назорат, Раёсати дифоъ ва тартиботи ҳуқуқӣ хабар дода мешавад.

“Ҷиҳати мукаммал сохтани вазифаҳо оид ба баррасии масъалаҳои шаҳрвандӣ, мукофотонӣ, бахшиши ҷазо ва мониторинги дурустии иҷрои муқаррароти санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон таъсис дода шавад”,-омадааст дар фармон. Таъсиси бахши кадрҳо, Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ бо ҳуқуқи Раёсат низ аз корҳое дар самти таҷдиди сохтори Дастгоҳи иҷроияи президентанд.

Дар робита ба ин, шӯъба ва сохторҳои зерин барҳам дода мешаванд:

- Шӯъбаи ҳуқуқ
- Шӯъбаи ислоҳоти иқтисодӣ ва инвеститсияҳо
- Шӯъбаи молия
- Шӯъбаи ташкилӣ
- Шӯъбаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ
- Шӯъбаи тандурустӣ, оид ба масъалаҳои занон ва оила
- Шӯъбаи илм ва маориф
- Шӯъбаи фарҳанг
- Шӯъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, спорт ва туризм
- Шӯъбаи иттилоотию таҳлилӣ
- Шӯъбаи саноат ва энергетика
- Шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсия
- Шӯъбаи сохтмон ва меъморӣ
- Шӯъбаи кишоварзӣ ва истифодаи замин
- Шӯъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулодда
- Шӯъбаи робита бо кишварҳои хориҷӣ
- Шӯъбаи умумӣ
- Шӯъбаи назорат
- Шӯъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
- Шӯъбаи кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқи шаҳрвандон
- Шӯъбаи кадрҳо
- Маркази иттилоотию техникӣ
- Котиботи комиссияи ҳукуматӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҳудудӣ ва сарҳадӣ.

Сохтори нави Дастгоҳи иҷроияи президент

Роҳбарияти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрҳо
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ - Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти протоколии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хадамоти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раёсати ҳуқуқ
Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳот
Раёсати молия
Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳал
Раёсати рушди иҷтимоӣ
Раёсати илму маърифат
Раёсати рушди инфрасохтор
Раёсати кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
Раёсати робитаҳои хориҷӣ
Раёсати коргузорӣ ва назорат
Раёсати мудофиа ва тартиботи ҳуқуқӣ
Шӯъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсон
Шӯъбаи тарҷума
Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо
Маркази технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Бахши кадрҳо
Бахши корҳои махсус
Ҳисобдории марказӣ (бо ҳуқуқи Раёсат)
Идораи хоҷагӣ
Корхонаю муассисаҳои назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ана акнун насиб боша мо пеш мерем..
Посух додан
  • Равшан

  • 18 январ 2014 15:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хамин калимаи ёрдамчи фикр мекунам,калимаи лахджави аст.
Посух додан
  • Mr. K

  • 18 январ 2014 18:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Агар дар ин раёсату шӯъбаҳои нав ҳамон одамҳои пешина монанд, аз ин ислоҳот чизеро мунтазир будан балаҳист.
Дар ҳоле ки оид ба ҳар самт вазорату кумитаҳо ҳаст, дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон будани ин ҳама раёсату бахшҳо дар дастгоҳи иҷроия ягон махнӣ надорад. Танҳо як ступенкаи фасоду порахӯрист.
Посух додан
  • мухочир

  • 18 январ 2014 22:04
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Муборак бошад!
Посух додан
  • Точик

  • 20 январ 2014 08:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Карори саривакти. Касе ки аз хама чизро медонаду мефахмад чаро эхтиеч ба машваратчи дошта бошал? Доштани мушовир дар шаьни чаноби оли муносиб нест. Ба пеш чаноби оли!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Э Рахмон аз бас ки хисси худхохиашон руз аз руз боло меравад...хатто намехохад ки калимаи МУШОВИР-ро бишунавад...мехохад хама хидматгори вай бошанд бехтар мебуд ба чои ЁРДАМЧИ Хизматгор мемонданд..!!!!!!
Посух додан
  • Амр

  • 21 январ 2014 20:00
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Баъди таъсиси раёсати нав ягон чои кор мешуда бошад ки моро хам ЧО ба кор даъват намояд. О раёсати кухнаро ки соокращени кард бояд дар раёсати нав коргарои навро ба кор кабул намояд вале.........
Посух додан
  • Судур

  • 22 январ 2014 00:45
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
аслан-ёрдамчи-лахни-турксохта-аст-кумитаи-и
стилохот-мафхуми-ёварро-кабул-кардаас
т-чаро-ёвар-намегуянд?

аслан-калимаи ёрдамчи-туркисох хаст-мафхуми-ёварро-кумитаи истилохот-кабул кардааст-чаро ёвар-намегуянд?

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!