Бахшҳо

Абдулло Давлатов: “Барқ надоранду корҳое мекунанд, ки...”

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки ба зудӣ шиносномаҳои муқаррарии сокинон ба ID кортҳо табдил хоҳад шуд. “Озодагон” аз чанд мусоҳиби худ пурсид, далели тағйири шиноснома, аз нигоҳи онҳо, чист: Тиҷорат ё зарурат?

Абдулло ДАВЛАТОВ, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия:
“Аспро наъл заданд, қурбоққа ҳам по бардоштааст". Шиносномаҳои муқаррариро ба ID корт иваз кардан дар Тоҷикистон ҳамин мақолро мемонад. Дар давлате, ки барқ нест, мардум китоб хонанд, як корҳое мекунанд ки... Ба гумонам, кадоме аз ҳисоби буҷаи давлатӣ дар кадом кишваре сайру роҳат кардаву дидааст, ки онҳо корт доранд ва инҳо ҳам хостаанд замонавӣ шаванд. Ин кортҳо, ки аз 1 март ворид карданиянд дар дунболаш мушкилоти зиёде меоранд.”

Маҳдӣ СОБИР, корманди Маркази тадқиқоти стратегӣ:
“Тоҷикистон як ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист ва шиносномаҳои нав ба стандартҳои байналмиллалӣ мутобиқ карда шудааст. Нафароне, ки чунин шиноснома доранд, метавонанд ба кишварҳои пасошӯравӣ бе шиносномаи хориҷӣ сафар намоянд. Иттилоъ дар бораи соҳиби шиноснома дар базаи махсус ҳаст ва онро ба компютер гузошта дар дигар кишварҳо мехонанд ва бояд зикр намуд, ки ин шиносномаҳо мувофиқи талаби замон аст.”

Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ, сардабири “Чархи гардун”:
“Агар ин ивазшавӣ бори охир бошад, ногузир розиям, дақиқтараш ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон ноилоҷам шиносномаамро иваз намоям. Вале яқинан дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар ҳолати бадалшавии як навъи шиноснома ба дигараш бори панҷум ё шашум аст, ки такрор меёбад. Шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол то ҳоло ду бор шоҳиди иваз шудани суратҳои сиёҳу сафед ба ранга ва ранга ба сиёҳу сафед, биопаспорт шуданд, ки ахиран тақдири воридшавии 700 ҳазор ин намуди шиносномаҳо то охири соли 2013 номаълум боқӣ монд... Аз ин рӯ, ба назарам чунин менамояд, ки бе шак ин ивазшавӣ аввалу охир надорад ва ҳар сардоре, ки дар курсии Раёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷӣ менишинад, сараввал корро аз низоми ивазсозии шиноснома оғоз менамояд. Биноан, фарзияе аз мадди назар дур намемонад, ки ивазсозии шиноснома як воситаи маблағғундорӣ аз мардуми камбизоати тоҷик аст, ки «зери унвони мутобиқсозӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ» ҷавлон мезанад. Мисли ивазсозии акси шаҳодатномаи ронандагӣ. Вагарна, наход дар вазорат ягон мутахассиси воқеан кордоне набошад, ки ҳамин ҳуҷҷатро ба меъёрҳои байналхалқӣ дар як шакли мукаммал ба якборагӣ мутобиқ созад?”

Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократ:
“Ҷорӣ намудани шиносномаҳои нав ҳам паҳлуи мусбат ва ҳам манфӣ дорад. Бидуни шубҳа яке аз ҳадафҳои ҳукумат бо ин роҳ ғанитар гардонидани хазинаи давлат аст. Аз таҷриба бармеояд, ки бо роҳандозии чунин шиносномаҳо муносибатҳои коррупсионӣ, ҷиноятҳои хусусияти иқтисодӣ дошта пайдо мешавад, зеро ба ҳар баҳона бо истифода аз ин фурсат аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шахсоне пайдо мешаванд, ки аз шаҳрвандон маблағи иловагӣ мерӯёнанд. Бояд зикр намуд, шакл ва намуди шиносномаи нав хеле қулай, одӣ ва содда буда, дар як ҳуҷҷат, ки аз як саҳифа иборат аст, тамоми маълумот дар бораи шаҳрванди Тоҷикистон ворид карда мешавад ва онро ҳамроҳи худ гардондан низ хеле осон аст. Ба кишварҳое, ки мо дар заминаи шартномаҳо ба тавофуқ расидаем ва бидуни раводид ба онҳо омадурафт дорем, шиносномаҳои нав амалӣ мешаванд ва эътибори қонунӣ пайдо мекунанд, агар ба шартномаҳои қаблӣ ислоҳот ворид кунанд ва ҷониби дигар бидуни ягон эътироз тасвиб кунад.”
Мӯҳр
Cуханхои тиллоии Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲ-ро тарафдори кунед дустон. Хамаи ин корхо танхо барои дарёфт намудани маблагхои пулии калон аз тарафи баъзе рохбарони Консулгарии Точикистон аст, ки онхо ба хама маълуманд.
Суханхои Маҳмадалӣ МАҚСАДУЛЛОҲРО тарафдори мекунам. Сад фоиз рост мебошанд.

мардум аз кучо пул миебан инро фикр намекунанд магар!кор нест барк нест! Якбор мардуми одиро хам фикр кунед

Афшин
Бехтарин посух: “Барқ надоранду корҳое мекунанд, ки...”

точик
Талаботхои аврупоию сатхи зиндаги афгонистон. Шароити зиндагиро ба талаботхои аврупои баробар кардан лозим аст. Точикро бе паспорт хам дар хама чо мешиносанд.

солим
Насиб бошад бо ин паспортхои нав дар хонаи хама барк, гарми, чои кор, серию пури мешавад. Дар Россия дигар на скинхеду на фмс- у на милиса ба точикон кор надоранд. Хара хандаю буза бози хаха............

Сафдар
Хайрон мемони!Ох! бародарон,бародарон,сатхи байналмилали мегуед!Охир дар сатхи байналмилали мардум мардикор нест то ин дарача ва маошашон низ ночиз нест ку?Саноаташон пешрафта ва кишвархои саноати-агариянд на мисли мо!Хамчунин чун мехохем,ки пешрафта ва замонави бошем,кани истехсолоту содироти махсулоти саноати!

мардикор
Ба мо карточкаи мардикори ( id card гастербайтера) додан даркор на паспорти биометри. Халки камбагал хорича барои мардикори меравад. Паспорти биометри ба хамон вазиру раису кабир ва хешу табори онхо лозим ки ба хорича барои кайфу сафо мераванд аз хисоби хамин гуломони асри 21.

Shuhrat
Ххммм.. Сатхи байналмиллали... Мутобик ба замони муосир... Инхо ба сатхи байналмиллали расидан ва мутобик ба талаботи замони муосирро ба ID-карта мебинанд... Охи проблемаи барку газу мухочиратро ки хал мекунад?! Точикистоне,ки дар асри 21 вучуд дорад ва вазирову кабирояш мехоханд мехоханд замонави бошанд (бо ID-карта),хол он ки дар асри 21 мардуми ин давлат неруи баркро орзу мекунад.

рауф
не шумо нафахмидед бародарон бо кадом бачаи вазирашро ё цазирашро хаваси мошини нав буромад ё хона дар кадом шахре карда аст пул цамъ кардан мехоханд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)