Бахшҳо
20 янв 2014 09:48Тоҷикистон / Сиёсат

Асадулло Раҳмонов пеши президент рафтааст. Нишасти хабарӣ бо Сиддиқов

Асадулло Раҳмонов, раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон, ҳарчанд мехостааст дар нишасти матбуотии 20 январ худ ба суоли хабарнигорон посух гӯяд, вале бо як даъвати президент нишастро тарк гуфтааст. Дар ин бора Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали оқои Раҳмонов, хабар дода ва нишасти матбуотиро шурӯъ намуд.

Вай дар лаҳзаҳои аввали ин нишаст дар бораи мушкили таъсиси телевизиони форсизабон миёни Тоҷикистону Эрону Афғонистон сӯҳбат карда, гуфт, дар ин масъала бештар Кобулу Теҳрон забон наёфтаанд. Тарҳи таъсиси ин телевизион ҳанӯз ҳашт соли пеш аз тарафи Маҳмуди Аҳмадинажод, Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай дар миён гузошта шуда, бо вуҷуди баъзе талошҳо, амалӣ нагардид.

Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дар ин нишасти матбуотӣ гузоришҳо дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшуда ба 26 соли зиндонро, ки яктарафа арзёбӣ мешаванд, шарҳ дод. Сиддиқов гуфт, “ягон кас ба мо дар мавриди таҳияи маъракаи иттилоотӣ алайҳи ҲНИТ супориш надодааст”. “Ҳар чизе, ки мақомот пешниҳод кард, мо намоиш додем. Хабарнигорони мо дар минтақаҳо назари мардумро дар бораи ҲНИТ гирифтанд, ки пахш намудем. Мо аз инъикоси нуқтаи назари мардум чашм пӯшида наметавонем. Назари намояндагони ҲНИТ-ро низ намоиш додем”,-афзуд ӯ.

Ин дар ҳолест, ки тайи соли 2013 шабакаҳои давлатии Тоҷикистон баробари барномаҳо дар бораи ҲНИТ дар мавриди Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускорони таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” низ гузоришҳо пахш намуд, ки аз ҷониби таҳлилгарон ва вакилони мудофеъ яктарафа арзёбӣ шуданд. Дар робита ба гузоришҳо дар бораи Зайд Саидов, Саидалӣ Сиддиқов таъкид намуд, “ҳамаи наворҳо ва гузоришҳо дар бораи Зайд аз ҷониби Додситонии кул ва мақомоти дигари тафтишотӣ таҳия шудаанд ва мо бе ягон тағйиру илова пахш намудем.”
Мӯҳр
Ато
Раиси кумита гурехт ки яке боз дар бораи гаронкиматтарин туйи Точикистон саволаш накунанд, ки ах кучо ба интренату дасти дигарон рох ёфт.

tj
"Назари
намояндагони
ҲНИТ-ро низ намоиш додем” ,дар кучо намош дода бошанд?

"Назари
намояндагони
ҲНИТ-ро низ намоиш додем” ,дар кучо намош дода бошанд?

Тамошобин
Ман хусусан 10 сол мешавад,ки умуман телевизиони точикро тамошо намекунам. Онхо факат дуруг ва раксу суруд нишон медиханд ё ягон нафареро,ки дар байни мардум обрую эътибор дорад ,гайбат мекунанд.
Хайфи он андозхое.ки мо мардуми точик месупорем.

3
Шумо телевизион давлати як механизме хастед ки дар чашми мардум хок мепошед..... Шумо гапи рост надоред бехтараш рафта чаноби олиро таъриф карда гардед.... Аз дасти шумо дигар ягон кор намеояд...

хабарнигор
Яке дига бар намегарда ба креслои худ

Назар
Э ма на тв тамошо мекнм на радио гуш мекнм рузи 18 январ кохи чоми консерт рафт будм 1000 бор пушаймон шидм ай рафтагим, рузи радио буд ким чи буд дуруг гуфтан ки нигина нозия меоя неким ягонташ набуд хайфи билети харидаам

Тамошобин
Ман аз як чиз хайронам,барои чи дар барномахои мусикии телевизион санъаткорони ба мардум шинос аниктараш ба мардум маъкул намоиш дода намешавад факат хасакиву кучаги баромад мекунанд, охир хамон барнома, ки зебову рангин, ки шуд обруи хамон рохбарият мешавадку? Наход хамона нафахманд.

арсед аз оҳи мазлумону қаҳри Худованд оре Асадулло Раҳмонов аз ҳуҷумӣ рӯзноманигорон гурехта дар ақоб ҷон ба саломат бурд.
Муовинаш Саидалӣ Сиддиқов бошад, шарм надошта рӯи рост чунин изҳор намуд, мо аз иниъкоси нуқтаи назари мардум чашм пушида наметавонем. Сад афсус намедонам, аз кадом мардум бошад?! Мардуме, ки даҳҳо корд хурда дар гушаи ғурбат сарашро ҷудо мекунанд, ё мардуме, ки имрӯзҳо дар сардии зимистон қурбонӣ бозиҳои сиёси шуда дар Руссия депорт шуда овораву саргардонанд, Чаро Зайд Саидро бо сарӣ хам гаштаву, баргашта нишон додед, Ҳизбӣ Наҳзати Исломро ҳадафӣ худ қарор додед, аммо рӯзгорӣ сахти муҳоҷиратӣ 2 миллион нафараро надидагарӣ мекунед.
Ҳарӯз чанто мурдаи тоҷик ба Ватан меояд?! Оби чашми модари тоҷику нолаву афғонӣ ятиму бевазанҳоро намебинед?! Ҳеҷ давру замон мислӣ шумоён тоҷик хушоматзанро надида буд, барои шумо омма эътиборе надошта надорад, басе худ гуфтаед шумо амалӣ фармоиширо иҷро мекунед. Тарсед аз оҳи мазлуму қаҳрӣ Худованд
Бузурге гуфтааст.
Ҳар, ки аз оби палидӣ ришва тобистон нашуд,
Теғ агар як су буввад мардона мегӯяд сухан.

арсед аз оҳи мазлумону қаҳри Худованд оре Асадулло Раҳмонов аз ҳуҷумӣ рӯзноманигорон гурехта дар ақоб ҷон ба саломат бурд.
Муовинаш Саидалӣ Сиддиқов бошад, шарм надошта рӯи рост чунин изҳор намуд, мо аз иниъкоси нуқтаи назари мардум чашм пушида наметавонем. Сад афсус намедонам, аз кадом мардум бошад?! Мардуме, ки даҳҳо корд хурда дар гушаи ғурбат сарашро ҷудо мекунанд, ё мардуме, ки имрӯзҳо дар сардии зимистон қурбонӣ бозиҳои сиёси шуда дар Руссия депорт шуда овораву саргардонанд, Чаро Зайд Саидро бо сарӣ хам гаштаву, баргашта нишон додед, Ҳизбӣ Наҳзати Исломро ҳадафӣ худ қарор додед, аммо рӯзгорӣ сахти муҳоҷиратӣ 2 миллион нафараро надидагарӣ мекунед.
Ҳарӯз чанто мурдаи тоҷик ба Ватан меояд?! Оби чашми модари тоҷику нолаву афғонӣ ятиму бевазанҳоро намебинед?! Ҳеҷ давру замон мислӣ шумоён тоҷик чоплусу хушомат занро надида буд, барои шумо омма эътиборе надошта надорад, басе худ гуфтаед шумо амалӣ фармоиширо иҷро мекунед. Тарсед аз оҳи мазлуму қаҳрӣ Худованд
Бузурге гуфтааст.
Ҳар, ки аз оби палидӣ ришва тобистон нашуд,
Теғ агар як су буввад мардона мегӯяд сухан.

Хуршеда
Дар Кохи Чоми солагарди радиюи Садуи Душанбе, аммо бидуни асосгузорони родию баргузор гардид, хело хам мутаасиф шудем. Кучоанд хонум Сафаргулу окои Чонибек, ки асосгузори родию буданд. Хело кори мутаасифи шуд Зиеведдин хем хузуре надошт ва суруде зам заме накарад..

Толик
Хонум Хуршеда о дар у Кохи Чоми директори нави радиои садои душанбе валиев манаполия кадаги хама чизда худаш хаст дигарон чи лозим худам ШОХУ ТАЪБАМ вазир feel

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)