Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:10

303 кило маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон забту мусодира гардид

9 август 2011, 09:55

Дар ин бора ба  хабарнигори маҳаллии «Озодагон» дар шӯъбаи мубориза алайҳи гардиши гайриқонунии маводи мухаддири РКД вилояти Суғд иттилоъ доданд.


Тибқи иттилои манбаъ, дар давоми 7 моҳи аввали соли равон аз тарафи кормандони мақомоти милиса дар шаҳру навоҳии вилоят аз гардиши ғайриқонунӣ 303 килову 465 гр маводи нашъовар дарёфт ва мусодира карда шуд. Ин микдор нисбати  нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 100 кг кам мебошад.

Манбаъ мегӯяд, тайи ҳафт моҳи соли 2010 аз гардиши ғайриқонунӣ зиёда аз 403 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шуда буд. Аз ин миқдор  зиёда аз 16 кг маводи сахттаъсири ҳероин, 273 кг бангдона, 907 гр афюн  ва 12 килояшро дигар намудҳо ташкил медиҳад.Тибқи иттилои манбаъ, аз рӯи ин ҷиноятҳо дар давраи сипаригардида 149 парвандаи ҷиноӣ бо моддаҳои 200, 201 ва 206-и КҶ ҶТ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!