Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 23:01

Ислом дар Олмон дини расмӣ мешавад

20 январ 2014, 11:08

Мақомоти як қатор минтақаҳои ҷумҳурии федеролии Олмон тасмим гирифтаанд, ки ба Ислом мақоми “дини расмӣ”-ро дода, онро дар баробари масеҳият ва яҳудият қарор бидиҳанд. Дар ин бора торнамои “Исламнюс” хабар додааст.

Мақоми расмӣ ҳаққи ҷомеаҳои мазҳабиро бештар мекунад. Аз ҷумла, тибқи русуми мусалмонон дафн кардан имконпазир гардида, идҳои анъанавӣ қонунӣ мегарданд ва ҳамчунин имкони таълими асосҳои ин дин мумкин мешавад.

“Нахустин шуда, дар минтақаи федеролии Бремен мақоми расмии Исломро пазируфтаанд. Дар ҳоли ҳозир мақомоти Саксонии Поён ҳам чунин тасмим доранд. Бо мавқеи онҳо мақомоти се минтақаи дигар низ мувофиқанд”,-навиштааст манбаъ.

Абдулазиз Қубодоӣ
, дабири масҷиди шаҳри Бремен гуфтааст, мақоми расмӣ имкон медиҳад, муносибот миёни созмонҳои мухталифи мазҳабӣ ба танзим дароварда шавад. Ба гуфтаи номбурда, пешвоёни ҷомеаҳои мусалмониро мебояд барои беҳтар намудани имиҷи Ислом дар Олмон талоши бештар намоянд: “Бояд нигоҳи шаҳрвандон нисбат ба мо дигар шавад. Қувваи нерӯманд барои ин кор метавонад ВАО бошад, аммо ҳоло мавқеи онҳо таврест, ки одамон бештар паҳлуҳои манфиро нисбат ба мо мебинанд. Ин кори моро душвортар месозад".


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
MASHALLAH GREAT
Посух додан
  • kevin

  • 20 январ 2014 18:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Inshaallah Germany will be a muslim country ..... INSHAALLAH..
Посух додан
  • юсуф

  • 21 январ 2014 09:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
нагз нисбати ба давлати мо инчо дин аз давлат аст
Посух додан
  • Тоҷик

  • 22 январ 2014 15:24
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
МА ША АЛЛОҲ бисёр хуб

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!