Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 17 август 2017, 22:18

Ноболиғ дар дуздии 40 000 сомонӣ муттаҳам мешавад

20 январ 2014, 12:03

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон тайи як рӯзи ахир дар кишвар ду ҳолати дуздиро ошкор кардааст, ки дар як ҳолаташ ноболиғ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ мақомоти пулис дар шаҳри Ваҳдат, як ноболиғро боздошт кардаанд, ки дар дуздии 40 ҳазор сомонӣ аз хонаи сокини ҳамин шаҳр Ғафуров Маҳмадшариф муттаҳам мешавад. Ин ниҳод мегӯяд, аз боздоштшуда далели шайъӣ гирифта шуда, тафтишот идома дорад.

Инчунин Вазорати умури дохилӣ афзуд, ки дар ноҳияи Ҷиликӯл Раҳмонов Миралӣ, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи Вахш низ ба гумонӣ дуздӣ боздошт шуд: “Дастгиршуда, рӯзи 14-уми январи соли равон аз бинои нуқтаи сӯзишвории шаҳрванд Асроров Рустам сокини ноҳияи Ҷиликўл ду адад дар, як адад яхдон ва як адад сейфи оҳанинро, ки арзиши умумии 12 ҳазору 190 сомонӣ дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.“

Манбаъ мегӯяд, айни ҳол далели шайъӣ гирифта шуда, тафтиши қазия идома дорад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!