Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 21:38

ҲНИТ: “Марги Тоҷиев пурра ба дӯши мақомоти интизомист”

20 январ 2014, 14:56

Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) марги Умедҷон Тоҷиев, узви зиндонии ин ҳизбро, “бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ ва дур аз ахлоқу инсоф будани кормандон ва масъулини интизомӣ” донистааст. Оқои Тоҷиев, ки 30 октябри соли гузашта дар Исфара барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда, аммо пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд ҷон додааст. Вай ҳамагӣ чанд рӯз қабл аз СИЗО ба бемористон интиқол ёфта буд.

Дар баёнияи ҲНИТ, ки баъд аз зӯҳри 20 январ интишор шуд, омадааст, “ҳарчанд аз тарафи вакилони дифоъ ва пайвандони Тоҷиев ба мақомот барои хуб набудани вазъи саломатӣ ва сиҳатии номбурда чандин нома ва аризаҳо ҷиҳати интиқоли ӯ ба беморхона пешниҳод гардид, вале мутаассифона ин муроҷиатҳо аз тарафи мақомот нодида гирифта шуд. Метавон ба ин натиҷа расид, ки масъулияти марги Умедҷон Тоҷиев пурра бар дӯши мақомот интизомӣ мебошад.”

Дар идома, Шӯрои сиёсии ҲНИТ амали мақомотро маҳкум намуда, аз Додситонии кулл талаб намудааст, дар мавриди таҳқиқи сабабҳои марги Тоҷиев як кумисюни босалоҳият бо шумули намояндагони ҲНИТ ва вакилони дифои марҳум таъсис диҳад ва қазияро ҷиддан баррасӣ намояд. “Шахсоне, ки сабаби марги Тоҷиев шудаанд, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шаванд”,-таъкид шудааст дар баёния.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • abdu

  • 20 январ 2014 15:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Инно лиллохи ва инно илайхи рочиъун.
Посух додан
  • olim

  • 20 январ 2014 15:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бо кадом акл шумо ба Додситон мурочиат мекунед? Ягон бор вай шикояти шуморо аз руи конун дид? Ба фикрам танхо шумо ба демократияи точикистон бовари доред.
Посух додан
  • муслим

  • 20 январ 2014 17:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хулованд золимонро хору залил гардонад!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
охир хамин чавона куштанд, ин санг дилон, авал озодияшро, баъд пояшро ва дар охир чонашро. Ха номардхо!!!
Посух додан
  • Рустам

  • 20 январ 2014 21:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин кирдори шахсони мансабдор одамкушии руи рост аст. Ба додоситони кул кучо шикоят мебаред, зеро ин корро худи онхо ташкил кардаанд.
Посух додан
  • насим

  • 21 январ 2014 09:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кори золим хамин аст.Намехоханд,ки мусалмонхо дар дахр бо онхо бошанду хатогихои онхоро бинанд ва фахманд,ки онхо золим ва душмани Аллоханд мо хам бо хости Аллох бо онхо дар цаннат якцо буданро намехохем.
Посух додан
  • Башар

  • 21 январ 2014 09:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
olim,

Мерасад марде, ки занчири гуломи бишканад,
Дидaам аз равзани девори зиндони шумо!!!
Посух додан
  • Омузгор

  • 21 январ 2014 19:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин чи шохиву мамлакатдорист
Дар дили халк тухми гамкорист
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фаромуш накунед У.Точиев чинояткор буд. Агар у гунахкор намебуд у харгиз худро аз ошенаи сеюм намепартофт.

Макомоти кудратиро гунахгор кардан лозим нест. Точиев айб дорад хама инро хуб медонанд.
Посух додан
  • мардикор

  • 11 декабр 2014 15:49
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шараф тухам азхамон яктои хамун золимхо хасти ин точиевро мо халки исфара хуб мешиносем у дузанда дар бозор кормекард 34сола сохиби 4 фарзанд аст инсони халим буд бе падар модару додару хохархояшро тамин мекард чинояткор туву хами милисахои золиманд холи ту исто худованд золимонро дуст намедорад хама меранд пеши чоп кунед

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!