Бахшҳо
20 янв 2014 15:49Хабарҳои ҷаҳон

Тамоюли Аврупо ба лағви таҳримҳояш алайҳи Эрон

Интизор меравад, Иттиҳоди Аврупо баъзе аз таҳримҳои ҷоринамудааш алайҳи Эронро имрӯз 20 январ бо пахши як изҳороти расмӣ лағв кунад.

Бархе аз дипломатҳои Иттиҳоди Аврупо рӯзи 19 январ гуфтаанд, вузарои умури хориҷии 28 кишвари узви ин иттиҳод дар Бруксел лағви бархе аз таҳримҳои ҷорӣ алайҳи Эронро ба баҳс гирифта буданд. Ба гуфтаи онҳо, Иттиҳоди Аврупо шарт гузоштааст, ки дар сурати таъйд ёфтани пойбандии Эрон ба тавофуқномаи Женева аз сӯи Оҷонси байналмилалии энержӣ-атомӣ изҳороти ин мақом дар робита ба лағви таҳримҳо худи ҳамон рӯз нашр хоҳад шуд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ, ин дипломатҳои аврупоӣ, ки аз бурдани ном худдорӣ кардаанд, мегӯянд, Иттиҳоди Аврупо ба лағви сареи таҳримҳои худ алайҳи Эрон алоқамандӣ дорад. Онҳо, гуфтаанд, кишварҳои Аврупо хостори равобити хуб ва муносибати тиҷории густурда бо Эрон ҳастанд.

Қарор аст, мутахассисони Оҷонси байналмилалии энержӣ-атомӣ рӯзи 20 январ дар мавриди то куҷо пойбанд будани Теҳрон ба тавофуқномаи Женева гузориш диҳанд. Эрон бо кишварҳои 5+1(Русия, Чин, Амрико, Фаронса, Англия ва Олмон) охирҳои моҳи ноябри соли гузашта ба тавофуқ расида буданд, ки Теҳрон ғанисозии 20%-и урани худро поин бурда, бархе аз маҳдудиятҳоро дар ин бахш ҷорӣ мекунад.

Ахиран дар пайи муноқашаҳои атомии Эрон бо кишварҳои 5+1 Иттиҳоди Аврупо алайҳи Теҳрон як қатор таҳримҳоеро ҷорӣ карда буд. Бар асоси ин таҳримҳо, воридоти маҳсулоти нафтӣ ва тилову оҳанҳои гаронбаҳои эронӣ ба ин иттиҳодия манъ гардид.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)