Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 10:40

Кумитаи дин озмуни роҳбаладони Ҳаҷро то 25.01 тамдид кард

20 январ 2014, 17:36

Кумитаи дини Тоҷикистон озмуни қабули роҳбаладон барои мавсими “Ҳаҷ-2014”-ро то 25 январ тамдид кардааст. Дар ҳоле ки ин озмун 25 декабри соли гузашта оғоз ёфта, қарор буд, то 20 январ идома кунад.

Аммо Кумита тасмим гирифтааст, барои дарёфти роҳбаладони сазовор дар мавсими "Ҳаҷ- 2014" мӯҳлати озмунро барои 5 рӯзи дигар дароз кунад. Манбаъ мегӯяд, ҳар як довталаб аз шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки хоҳиши иштирок кардан дар ин озмунро дорад, метавонад ҳуҷҷатҳои худро ба Кумитаи дин пешниҳод намояд: “Аммо довталабони вилоятҳои Хатлон ва Суғд метавонанд ҳуҷҷатҳои худро ба мақомоти вилоятии худ пешниҳод намоянд”.

Тибқи иттилои Кумита, шартҳои асосии озмун - синну соли аз 25 то 60, донистани забони арабӣ, на камтар аз як бор зоири хонаи Худо будан ва донистани маносики Ҳаҷ будааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин хама сафсатахо чи даркор охир хазор забон дони 10 бор ба хач рафта боши то агар 3000 доллар надихи ва аз хакки командировочный даст накаши ба хеч кавру бало рафта наметавони. Ман шахсан соли 2010 рафта будам медонгам ва то ол он рохбаладоне ки мераванд хамеша дар тамосам бе шабка ва пора рафта наметавонанд. Бино бар ин тамдмд ва ё тачдид ин хама афсонае беш нест. Хама медонем ки як квота 50 дар 50 хаст пас чаро ин кадар сафсата гуихо. Мухтарам хочибачахо касе ки бо пора ба хач ва ё рохбалади рафтааст мардакворе кани коил шавед албатта агар озодагон ин матлаби бандаро нашр кунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!