Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 05:45

Маҳкумияти Абдувоҳид, муллои "ҷинбарор", ба 2 солу 6 моҳи зиндон

20 январ 2014, 21:30

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Абдувоҳид Қодиров, як муллои “қасидахон” ё “ҷинбарор” аз ноҳияи Панҷро, барои ду солу шаш моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст. Додгоҳ гуфта, ки оқои Қодиров, инчунин, тӯли се сол наметавонад ба тибби хусусӣ машғул шавад.

Ин муллои “ҷинбарор”, ки моҳи ноябри соли гузашта аз тарафи маъмурони пулис боздошт гардида буд, дар қатли Масрури Нуруллои 19-сола, гирифтори бемории руҳӣ, айбдор мешавад. Абдувоҳид Қодиров аз соли 2008 то замони боздошташ ба ҳайси табиби мардумӣ ё муллои қасидахон фаъолият доштааст.

Ба гуфтаи мақомот, Қодиров рӯзи 5 июни соли 2013 ҳангоми дуо хондани Руҳуллоҳи 19-сола ба хотири баровардани ҷинҳо аз бадани бемор бо истифода аз корди худ зери лабу даҳони ӯро бурида ва бо шохаҳо ба тани ӯ задааст, ки дар натиҷа Руҳулло ба ҳолати шоки садамавӣ дучор шуда ба ҳалокат мерасад. Вале худи Қодиров моҳи ноябр дар як наворе ки бозпурсии мақомот аз ӯ буд, гуфт, “ман ба бадани Руҳулло танҳо кордро ҳамин тавр мондаву гирифтам, бадани ӯро набуридам. ”

Дар гузашта кормандони умури дохилии Тоҷикистон Асадулло Иброҳимов, сокини маҳаллаи Лучоби пойтахтро, ки маъруф бо номи “муллои ҷодугар” аст, боздошт ва ба зиндон маҳкум карда буданд. Парвандаи ӯ аслан аз рӯи наворе таҳия шуда, ки Асадулло Иброҳимов дар он бо зане, ки аз ӯ Зулола Раҳимова ном бурда мешавад, амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ин навор қаблан тариқи телевизионҳои давлатӣ низ ба намоиш баромад ва дар як вақт ба шабакаи ҷаҳонии Ютюб ҳам роҳ ёфт, ки то ҳоло аз ҷумлаи сербинандатарин наворҳои тоҷикист.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • беном

  • 21 январ 2014 08:54
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин рохкати ин фиребгархоро манъ кунанд хуб мешавад
Посух додан
  • Беном

  • 21 январ 2014 14:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман рози шуда наметавонам наход як чавони нозанинро кушта ба халокат расонида бошаду хамаги ду солу шаш мох аз озоди махрум карда бошанд, бояд зиёда аз дах сол медоданд ба ин хунхор.
Посух додан
  • HAQ

  • 21 январ 2014 19:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
,Ба фикри ман боз як тухмати хукумати дар хаки ин бародари муслим мебошад.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!