Бахшҳо

VIDEO: Абдуллоев парвандаи Зайдро “вазнин” ва иддаои вакилони ӯро “дурӯғ” хонд

Нусратулло Абдуллоев, раиси Додгоҳи олии Тоҷикистон, дар ҷараёни нишасти хабарии рӯзи 21 январ иддаои вакилони мудофеи Зайд Саидов, соҳибкори маҳкумшударо, ки аз дастрас накардани матни ҳукми нафари таҳти ҳимояташон шикоят доранд, дурӯғ гуфт.

Абдуллоев гуфт, ҳукми пурраи Зайд Саидов ба вакилони мудофеаш пешниҳод шуда, аммо онҳо худашон аз гирифтани он худдорӣ кардаанд. “Бояд вакилони дифоъ баёнот менавиштанд, ки ҷузъиёти ҳукми додгоҳиро оммавӣ намекунанд, чун парванда вазнин буд”,-афзуд ӯ.



Ин дар ҳолест, ки Шӯҳрат Қудратов, яке аз се вакили мудофеи Зайд Саидов, гуфт, онҳо то ҳол нусхаи ҳукми Додгоҳи олиро дастрас накардаанд ва ин яке аз монеаи аслӣ барои бурдани шикояти кассатсионист. “Мо шикояти комил карда наметавонем, чун ҳоло нусхаи ҳукмро нагирифтаем. Ин ки ҳукмро ба мо намедиҳанд, худ нақзи қонун аст, вале ҳеч кор карда наметавонем”,-афзуд ӯ.

Шавкат Абдулхайров, раисикунандаи мурофиаи Зайд Саидов, ки дар ин нишасти хабарӣ ҳузур дошт, низ дар ин бора изҳори назар кард. Аммо вай ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки чаро ҳангоми эълони ҳукми Саидов хабарнигорони телевизионҳои давлатиро монда, аз вуруди хабарнигорони мустақли ҷилавгирӣ кардааст, посухи дақиқ надод. Вай фақат бо ишораи он ки ин савол ба ӯ дахл надорад, аз ҷавоб гуфтан худдорӣ варзид.



Додгоҳи олии Тоҷикистон Зайд Саидовро 25 декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон бо мусодираи амвол маҳкум кард. Зайд Саидов, баҳори соли 2013, баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав” боздошт ва барои қаллобӣ, сӯистифода аз мақом, ришват, бисёрзанӣ ва таҷовуз ба номус муттаҳам дониста шуд.
Мӯҳр
точикбача
Адолат факат дар он дуне мебошад

Яъкуб.
Барои ин золимон хабс кардан бо дуругу тухмат муд шудааст, сафед кардан барои инхо <шармандаги> хаст. Бинед , ки дигар ягон кас дигар ба золимхона ( Суди оли) бовар надорад.Ва хукумат хам хато ба ин золими калон хатто як танбех хам намедихад..Худованд моро аз ин золимон начот дихад.

саидчон
ман намефаҳмам ин чихел парвандаи вазнин одам накуштааст ин ягон терорист набошад ин қадар ободи барои халқамон кардааст магар сазояш ҳамин бошад

Шокир
Рости гап аз чунин беадолати дили аксарияти мардум аз ин хел давлатдори мондааст. Зеро шахсеро бе гунох говсуд кардан ин тамоман дар ягон давлат ба гайр аз узбакистон вучуд надорад. Магар андеша намекарда бошанд, ки фардо киёмат дар пеш аст. Локин дониста монед, ки Лутфи Хак бо ту муросохо кунад, Дон ки аз хад бигзри расвот кунад. Бо бовари гуфтан мумкин аст ки чунин давлатдори окибат надорад. Мулк хароб, раият дар азоб, кас аз тарс лаб кушода наметавонад. Ин рохбариятро чуз Алохи бузург дигар ягон кас саришта карда наметавонад. Худованд Зайдро дар амонат нигох дор. Гуфтани бисёр локин ба инхо сухан хайф......

Шапка
Касе аз илми психология огох бошад аз харакатхо хис карда метавонад ки дуруг мегуяд ё рост. Хатто инсони мукаррари низ аз ин видео метавонад хулоса барорад. Так что ин тарафу он тараф тоб нахурда....

boy
“Бояд вакилони дифоъ баёнот
менавиштанд, ки ҷузъиёти ҳукми
додгоҳиро оммавӣ намекунанд, чун
парванда вазнин буд”, -афзуд ӯ. Чи вазнини дошта бошад ин парванда бисёр хандаовар хай дигар чи гуед.

ШЕФ
Ин нафар бо ном суд дар асл "ичрокунандаи супоришоти боло" ба саволи мухбир дар бораи парвандаи супориши мегуяд ки бори аввал мешунавад. Бале шояд бори аввал шунавалд аммо махз бо иштироки у тамоми парвандахои супориши хал мешаванд.
Озодагон ин шахсро зиёд азоб надихед чунки у холо дар ичрои супориши навбати мебошад.

Бале дуруст кайд кардед, хелохам делаи вазнин, Расули Амонулло кудаки 16 сола 3 каса кушт, писари Гулов як духтари бегунохра дар даруни Донишгох ба дахонаш мепаронад, касе дарак надорад, ва Худо медонад, ки ун шохзодахои дигараш чи корхое паси парда мекунанд, аммо нест касе, ки сари рохи ин Золимора бгира ... Точикистон давлати хамаи мову шумост, на аз Рахмонову ахли хонаводааш.. Илтимос чоп кунед.

Хабарнигор неки саволи зур доди рахмат. Инхо худаш сарфахм намерад чикор карда истодааст. Наход ба тв -хои Точикистон мумкин бошаду ба хабарнигорони дигар номумкин? Бо шарм надошта мегуяд инхел калимахоро такрор накунед.

Худованд хеч вакт рузи некиро набини, аз ташнагия забонат кок шавад! Омин

AbuMaryam
"Хукм вазнин буд" интиресно,ин додгохи оли тарозуи нав ихтироъ кардааст чи? Хай мегуфт хамин хукм чи карда ванз доштаст? млгр? гр? кг? тонна? Е ин,ки бо литр чен кардааст?

Равшан
миллати мо аз байн-меравад-ин-мардум-точикяте-надоранд-

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)