Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 05:04

Талоши Исроил барои гузаронидани машқҳои ҳарбӣ дар Осиёи Марказӣ

21 январ 2014, 10:44

Исроил мехоҳад, дар машқгоҳҳои бузургтарин кишвари Осиёи Марказӣ- Қазоқистон тамрини низомӣ гузаронад.

Шимон Перес, раисиҷумҳури Исроил дар мулоқот бо Одилбек Ҷақсибеков, вазири дифои Қазоқистон, ки ҳоло дар Тел-Авив қарор дорад, пешниҳод кардааст, ки дар тамрингоҳҳои Остона машқҳои низомии муштарак гузаронида шавад.

Вазири дифои Қазоқистон низ, гуфтааст, кишвараш ба хотири беҳбуди нерӯҳои мусаллаҳи худ, ба омӯзиши таҷриба ва омодагии ҳарбии артиши Исроил аломақаманд мебошад. Одилбек Ҷақсибеков аз мақомоти исроилӣ даъват кардааст, то дар мусобиқоти байналмилалии нишонзанҳо (снайперистон), ки аз 14 то 19 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Спасси Русия баргузор мешавад, иштирок намоянд.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати дифои Қазоқистон, Ҷақсибеков дар ҷараёни сафараш ба Тел-Авив бо ҳамтои исроилии худ қарордодеро дар самти ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ ба имзо расонидааст. Манбаъ мегӯяд, ин мақоми қазоқ дар доираи ин сафари худ аз чанд Маҷмааи истеҳсоли техникаи ҳарбии Исроил дидан кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Охи, да чонтон чонум, хами калимаи "снайперист" да ягон забон вучуд надора. "Снайпер" аст ба руси

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!