Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 09:03

Нигаронии Эътилофи зидди шиканҷа аз марги Умедҷон Тоҷиев

21 январ 2014, 15:50

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон бо пахши як изҳорот аз мақомоти кишвар тафтиши мунсифонаи марги Умедҷон Тоҷиев, узви Ҳизби наҳзати исломиро талаб кардааст. Тоҷиев, ки пас аз ду рӯз худро аз ошёнаи севуми бинои пулиси Исфара ба зер афканда буд, 19 январ дар бемористони боздоштгоҳи Хуҷанд ҷон додааст.

Дар изҳороти ин эътилоф, ки рӯзи 21 январ нашр гардид, аз ҷумла омадааст, “қазияи Тоҷиев сари вақт мавриди тафтишоти дақиқ қарор гирифта, муҷозоти шахсони дастандаркор кафолат дода шавад.” Инчунин таъкид шудааст, ки "хешовандони Умедҷон Тоҷиев ва тамоми ҷомеа оид ба ҷараён ва натиҷаи тафтишоти ӯ мунтазам воқиф карда шаванд."

Эътилофи мазкур аз он ибрози нигаронӣ кардааст, ки ин бори аввал нест, бар асари истифодаи шиканҷа дар боздоштгоҳҳо ва муассисаҳои ислоҳии Тоҷикистон ҳолати маргу мир ба қайд гирифта мешавад. Ба қавли ин эътилоф, Сафаралӣ Сангов, Баҳромиддин Шодиев, Дилшодбек Муродов, Исмоил Бачаҷонов, Исмонбой Бобоев, Хуршед Бобокалонов ва Ҳамзаалӣ Икромзода шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд, ки бар асари шиканҷа дар боздоштгоҳҳои кишвар ба ҳалокат расидаанд.

Умедҷон Тоҷиев, ки ахиран намояндаи додситонии Исфара ӯро барои ҳамкорӣ бо Ҷунбиши исломии Узбакистон муттаҳам кард, 30 октябри 2013 аз сӯи маъмурони пулис ба ҷурми “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” боздошт шуда буд. Аммо рӯзи 2 ноябр ӯ бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт ва мақомот дар шарҳи ин ҳодиса гуфтанд, ки Умедҷон Тоҷиев худро аз ошёнаи севуми бинои Идораи пулис ба зер афканда, талош кардааст, аз боздошт фирор кунад.

Аммо Юсуф Дониёров, вакили мудофеи Умедҷон Тоҷиев, рӯзи 13 ноябри соли гузашта баъд аз дидор бо нафари таҳти ҳимояташ гуфта буд, Тоҷиев дар пайи шиканҷаи маъмурони пулиси Исфара маҷбур шудааст, худро аз ошёнаи севум ба зер партояд. “Тоҷиев дар тӯли чиҳил дақиқаи сӯҳбат, ки мо доштем, борҳо такрор кард, ки ӯро заданд. Тӯли чанд шабонарӯз дар Шӯъбаи умури дохилии Исфара истинтоқ намуданд. Аъзои бадани ӯро бо латтаи тар печонда, аз болояш нерӯи барқро пайваст кардаанд, то изи он дар баданаш намонад”,-таъкид карда буд вакили мудофеъ Юсуф Дониёров.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Саид

  • 21 январ 2014 16:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бедор шуден акнун ЧОСУСХО! Шумо пури хароми хоричихоро гирифта руйи чанд когазро сиёх карда месупоред гумон кардед, ки миллат галу аст?! Дидед, ки дар ИНЕТ танкидтон доранд тарсидед?! ШАРМАНДАХО!!!!!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар марги у ягон шиканча дида намешуд. 100% у худ айбдор буд. Аз макомоти милиса минат дорем ки сафи чунин чосусхоро кам карда истодааст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин афродхое, ки да боло зик карда шудаанд инхо хама чинояткоранд. Бо сабабе ки онхо чиноят содир кардаанд боздошт шудаанд ва ба махкама кашида шудаанд. Ва бо сабабхои ба мо маьлум халок гаштаанд( худкуши). Аз Точиев мохичаи тиллои насозед. У чиноят содир кардааст.

Мы блогодарны органанам МВД, за поимку этих нелюдей. Незабывайте этот У.Точиев терорист, им нет места среди людей
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Саид,
Ҳукумат сад баробари ин созмонҳо аз хориҷа пул мегирад!!!
Агар ту фарзанд дошта бошӣ, як бор худро ба ҷойи падари Умедҷони раҳматӣ гузор!
Дар ШКД - и шаҳри Исфара далели ҷиддие ба муқобили раҳматӣ надоштанд.
Танҳо барои он ки ӯ хеши кадом нафари дигари муқобили Ҳукумат будааст.
Раҳматӣ мусалмон буд ва мусалмон ҳаргиз худкушӣ намекунад!!! Бечораро сахт азоб додаанд, зӯр омадааст.
Ту агар заррае виҷдон дошта бошӣ, як бор биандеш, ки ин бори дувум дар Исфара аз тиреза худро мепартоянд!
Гумонам, ту аслан, он ҳарф менависӣ, ки вазифа дорӣ ё пулат медиҳанд, тамом вассалом.

Чоркӯҳӣ
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Точиев худ чиноят карда ба махьас нишаста ьуд, Хеч гох одами чинояткор бар гунохи кардаи худ икрор намешавад. Худашро доно гирифта мехохад ки ба конун итоат накунад. дигар чорае наефта худро ба дару девор мезанаду ярадор месозад. Максадаш гунахкор кардани пулиси кишвар ва маъмурияти махбасхона аст.
Саид,

Ачоиби кор дар он аст, ки барои марги як нафар ХИНТ изхорот баен мекунад. Дар ьораи бал щудани муносибат дар сархади ТОЧИКИСТОН-КИРГИЗИСТОН хеч чиз намегуяд! Одам бояд якру ва ростгуй бошад. Аз паи хакиат будан низ хуб аст.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
худован лаънат кунад золимонро!
Посух додан
  • Яъкуб.

  • 23 январ 2014 11:41
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Барои бахсхои марзи Точикистон Киргизистон ХНИТ эътироз пахш карда буд Доночахо.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!