Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:56

Истиқболи собиқ мушовири Раҳмон аз лағви мақоми мушовирон

21 январ 2014, 17:17

Иброҳим Усмонов, собиқ мушовири давлатии Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз лағви мансаби мушовирони президент ва табдилашон ба мақоми ёрдамчӣ истиқбол намуд.

Усмонов зимни шарҳи тағйироти ахири сохторӣ дар Дастгоҳи президент, ки бахши мушовирони давлатии президент ба бахши ёрдамчиёни раисиҷумҳур табдил дода шуд, гуфт, аз нигоҳи ман ин тағйироти мантиқӣ ҳаст: “Аз рӯзҳои аввали таъсиси идораи мушоварати раисиҷумҳур дар он ҷо будам ва дар дурустии он шубҳа доштам. Маълум кардан лозим буд, ки машварат даркор ба касе, ё ёрдам даркор аст. Аслан мушовирони давлатӣ бештар вазифаи ёрдамчии давлатиро иҷро мекарданд, барои ҳамин дар моҳият чизе тағйир намеёбад.”

Усмонов афзуд, ки то ҳол низ талошҳо барои такмили идораи мушоварати раисиҷумҳур буд: “Аввал мушовири давлатӣ буд, ки баробарҳуқуқи муовини сарвазир буд. Баъд як муддат мушовири давлатӣ- сардори раёсат шуд. Вақте мушовири давлатӣ -сардори управления гардид, ин яъне поёнтар аз муовини сарвазир ва дар тобеияти муовини сарвазир шуд. Баъд диданд, ки мувофиқат намекунад, дефисро аз байн гирифтанд ва танҳо мушовири давлатӣ монд.”

Иброҳим Усмонов дар шарҳи иддаояш, ки мақоми мушовир аз аввал номувофиқ буд, афзуд: “Фикр мекунам, дар аввал раҳматии Халифабобо Ҳамидов, ки аз саркардаҳои ташаккули сохтори давлатӣ дар соли 1994 буд, гумон дошт, ки системаи давлатдории Тоҷикистон, низоми давлатдории замони шуравиро идома медиҳад. Яъне мушовири давлатӣ бо президент кор мекунад, сарвазир бо ҳукумат. Агар ҳамин хел мебуд, мушовири давлатӣ баландтар аз сарвазир мавқеъ медошт ва он вақт мантиқан нигоҳ дошта мешуд. Аммо амалан ин хел нашуд, чун Сарқонуни Тоҷикистон мегӯяд, ки президент сарвари давлат ва сарвари ҳукумат аст. Маъно ҳамин аст, ки ҳам ҳукумат ва ҳам давлат ба як шахс тааллуқ дорад.”

Дар ҳамин ҳол Усмонов таъкид намуд, ки мушовири давлатӣ такрори муовини сарвазир аст ва тасмиме, ки ахиран гирифта шуд, аз ҳамин ҳолат халос кард: “Ҳақиқатан онҳо вазифаашон кӯмак кардан ба президент буд, ки ҳаминро ҳозир ёрдамчиҳо пеш мебаранд. Сардори давлат пеш аз ҳама ба ёрдамчӣ ниёз дорад. Ба сифати мушовир беҳтар аст, маҷлиси раёсати ҳукумат баромад кунад, зеро онҳо бештар машварат доданашон мумкин аст, магар ягон мушовир. Дар бисёр ҳолатҳо сардорони давлат мустақилона кор мекунанд. Вақте, ки мустақилона кор мекунанд, беҳтараш ёрдамчиҳо бошанд, то идораҳояшон ҳар сари вақт оид ба масоил гуногун матолиб тайёр кунанд ва раисиҷумҳур бинаду ба хулоса биёяд. Вақте, ки ёрдамчӣ таёр кард, маълум мешавад, ки вай ёрдам карда истодааст, онро сарвари давлат қабул мекунад ё не, ин гапи дигар. Вале машварат ин андак гапи дигар. Онро гӯш кардан даркор мешавад.”

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18 январи соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо судури як фармон чанде аз бахшҳои Дастгоҳи иҷроияи президентро барҳам дода ва чанд раёсати нав таъсис додааст.

Дар фармон омадааст, ки ба роҳбари Дастгоҳи иҷроияи президент ду муовин, аз ҷумла муовини якум муқаррар гардад. Ҳамчунин, бахши мушовирони давлатии президент ба бахши ёрдамчиёни раисиҷумҳур табдил дода шуда, мансабҳои мушовирони калон, мушовирони президенти Тоҷикистон, ёрдамчиёни президент ва сарвазири Тоҷикистон, ки дар котиботи президент ва котиботи сарвазир фаъолият менамоянд, барҳам дода мешаванд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Суханони собик мушовир бепоя аст, хукумат макоми ичроия аст ва дар хеч сурат наметавонад мушовирро иваз кунад ва ердамчи низ дар ягон холат ба он сатх ваколате надорад ба чуз лабайгуи Ин хато бузурги давлатдории точикон мебошад ки ба давлати 1100 пеши точикон Сомониен шабех дорад, ки рох ба якахукумрони ва окибат нести мебошад Бе пир (мушовири окилу доно) марав бар амони
Гарчанд Сикандари замони
Посух додан
  • хомид

  • 21 январ 2014 18:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хахаха 20 чанд сол боз калхо нима кор кардаст гуед мушовирон гапхоятон хавои
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хами мардака ягон гапша ма намефахмм чи максад дора сафсата бисер мега ягон вазифачаш бтиен хпппп мекна
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ёрдамчи ё мушовир фаркаш чи мухим камбу дии мардумро азбайн ба ранд чойхои кори ташк ил кунанд ба корхона хои хурду миёна шарот диханд аз налог 4-5 сол озод кунанд
Посух додан
  • иброн

  • 22 январ 2014 13:50
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дар ин кишвар хар ки бо ёрии касе ду макола чоп кард худро сиёсатштнос номид. мисолаш хамин иброхим усмон... о чи фарк дорад мушовир ё ёрдамчиву ёвару гайра хамааш копияи замони шурави -инструктори цк-дия
мушовирони асли пушти парда кори амали мекунганд...
Посух додан
  • tojik

  • 23 январ 2014 10:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
muhtaram prezidenti mo-yordamchiyoni prezidentro hamaashonro uvolit kuned ki pir va az davroni shuraviand.javononro yordamchii moned fark nadorad az kadom mintakavu az kadom oila boshand.in pirho tarsi shuravivu tarsi komandiru boevikho az badanashon naraftaast.va dar peshi prezident metarsand ozod gap yo peshnihode kunand.javonon gapu peshnihod karda metavonand.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
,ту барин мушовиру ёрдамчира,боз 20-соли дигар сафсата гуед....на давлату на давлатдори,

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!