Бахшҳо

Баҳси пулгирӣ аз хориҷиён миёни вазири маориф ва Шабдолов

Парлумони Тоҷикистон имрӯз, 22-юми январ созишномаи грантӣ бо Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Асосиатсияи байналмилалиро ба тасвиб расонд, ки дар доираи он барои рушди маорифи Тоҷикистон 16,2 миллион доллари амрикоӣ ҷудо мегардад.

Нуриддин Саидов, вазири маориф ва илми Тоҷикистон зимни муаррифии ин лоиҳа дар парлумон изҳор дошт, ки маблағи ҷудогардида барои ба сатҳи байналмилалӣ баровардани таълим дар Тоҷикистон равона мегардад. Ӯ аз ҷумла таъкид намуд, ки то ҳол муҳтавои китобҳо ва матолиби таълимӣ дар кишвар ба далели камбуди маблағ ба талабот ҷавобгӯй набуданд. Ӯ афзуд бо маблағҳои грантии ҷудогардида, мазмуни китобҳои таълимӣ такмил дода хоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол Шодӣ Шабдолов, вакили парлумони Тоҷикистон, бо зикри зарбулмасал, ки “панири бепул танҳо дар қапқон мешавад” афзуд, ки мо бояд дар гирифтани маблағ аз хориҷиён эҳтиёткор бошем ва бинем, ки барои кӯдакони мо чӣ барномаҳо пешниҳод мекунанд.

Дар посух Нуриддин Саидов изҳор дошт, ки дар доираи ин лоиҳа тамоми барномаҳо аз ҷониби мутахассисони ватанӣ омода мегарданд ва танҳо аз натиҷаи он ба сармоягузорон гузориш хоҳанд дод.
Мӯҳр
в
Шабдолов гуфти русхо ворчун шудааст. Бисер вакт гапхои бемаъни мезанад. Аз замона кафо мондааст, ба дарки масъалахо зехнаш намерасад.

муаллим
Дар китобхои дарсиатон аз ин ба баъд дар бораи масехият ва яхудият мехонем ва бачахои точикро мсехию яхуди мекунед, зеро сиёспатро касе таъйин мекунадки пул медихад чунонки пеш аз ин дар китобхоятон мазхабхои гайри ханафи хам ворид кардед дар холе ки худатон баъзехоро ба гароиш ба дигар чараёнхо гунахкор мекунед. албатта маълум аст ки ин пул 80,% аш ба кисаи мансабдорон меравад вале аврупо шуморо мачбур мекунад ки бо доираи онхо ракс кунед. э дига мо ракси хукуматдорора тамошо мекунем. аммо вой ба холи миллат.

“панири бепул танҳо дар қапқон мешавад” Офарин Шабдолов! Рост гуфтед вокеан!

Харчанде,ки аъзои Хизби Комунист набудаам....
Шабдолоро дар маврид дастгири мекунам ва хамфикр хастам !!!
Шабдолов шахси дурандеш аст ,ин мансабдорони мо ватану замину дину оинашонро ба хотири як пули пучак иваз мекунанд ва исботхам кардаанд..............

Вазири мухтарам Нуриддин Саидович хамаи суханони Шумор боваркунед мо бовар мекунем аммо афсус ки кадомашро бовар кунем масалан маколае ба чашм расид ки умуман ин як 15 ё инки 20руз пеш буд умуман дар бораи маблаг гирифтан аз донишчуён аммо афсус ин холро дар ДМТ дар факултети журналистика ба чашм мерасид ки дар факултет хонуми ба номи ,,,,,,,,,,номашро хама медонад бо корманди он факултет АПАИ ЗЕБО хамдасти мекарданд ва бозори корвон ташкил намуданд як нафар барои карздор нашуданаш 150$ муайян шудабуд. Аммо боз гуфтаниям ки афсус ки Хайдаров декани факултети дар назди он корманди тести аз субх то бегох дар назди компютер менишаст аммо аз чизе хабардор шуданаш имкон надошт ё ин ки аз хама чиз бохабараст АФСУС МУХТАРАМ САИДОВ бо ингуна холатхо чашм мепушед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)