Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 26 феврал 2017, 08:24

Садама дар Роғун 3 ноболиғи кушта ва 2 маҷруҳ барҷой гузошт

22 январ 2014, 11:45

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, 21-уми январ ба асари як садама дар шаҳри “Роғун” се кӯдак ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бистарӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Маҳмадиев Алишер, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Роғун, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Ҷавонӣ ба самти шаҳраки Оби-гарм бехатарии воситаи нақлиётро таъмин карда натавониста, ба чуқурии 125 метр чаппа шудааст: “Дар натиҷа мусофирони автомашина, Оламбибии Камолзода, соли таваллудаш 1997, Саидова Махфират, соли таваллудаш 2001 ва Ҳабибов Фирӯзҷон, соли таваллудаш 2011, сокинони Роғун дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.”

Вазорати умури дохилӣ мегӯяд, мусофирони дигари автомашина - Раҷабова Давлатмоҳ, соли таваллудаш 1999 ва Саиднуриддинова Ҷумъагул, соли таваллудаш 2002 ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидаанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!