Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 04:54

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

22 январ 2014, 12:18

Маркази барқу гармидиҳии 2-и Душанбе, ки 10-уми январ бо ҳузури Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон расман марҳилаи якуми он, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз фаъолият бозмондааст.

Инро масъулини Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон таъйид намуда, таъкид карданд, ки феълан баъди барқарорсозии дастгоҳҳои тозакунандаи дуду чанг Марказ дубора фаъол шудааст.

Аммо хабарнигори “Озодагон” зимни боздид аз Маркази гарму барқдиҳии дуюми Душанбе дарёфт, ки Марказ ҳоло фаъол нест ва инро сохтмончиён ва муҳофизони Марказ низ тасдиқ карданд. Як сохтмончии ин Марказ бо ишора ба қубурҳои ҳанӯз насбнашуда ба “Озодагон” гуфт, “Марказро президент кушод, лекин ягон кас аз он оби гарм нагирифта истодааст. Ина қубурҳоро бинед, ки ҳоло насб нашудаанд. Қубурҳо, ки гузаронида шуд баъд ба хонаҳо об медиҳанд.” Аз роҳбарияти Марказ касе ҳозир нашуд, ки дар бораи фаъолияташон бо “Озодагон” суҳбат кунанд.

Дар ҳамин ҳол танзимгари Муассисаи таъмини гармӣ дар Душанбе низ дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, аз Маркази дуюм феълан гармӣ нагирифта истодаанд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамагӣ чанд лаҳзаи аввали фаъолияти ин Марказ норозигии бархе аз сокинони гирду атрофи онро ба бор овард ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳои чанги ангишти ин Марказ нашр шуданд.

Ҷалил Халилов, сардори шӯъбаи экспертизаи давлатии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон низ, имрӯз, 22-юми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ки Маркази гармидиҳии дуюм ба экологияи пойтахт бетаъсир буда наметавонад.

Ҷалил Халилов гуфт, ки гуруҳи кории Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар якҷоягӣ бо раёсати шаҳрӣ аз рафти фаъолияти маркази барқу гармидиҳии Душанбе ва ҳудуди таъсирнокии он мониторинг хоҳанд кард: “Ҳар корхонае кор мекунад, ҳатман бетаъсир нест. Агар мо ҳама партовҳои газу дудро безарар гардонем, таъсири манфӣ камтар мешавад.”

Халилов таъкид намуд, ки аз сабаби номаълум будани ҳудуди таъсири манфии Маркази мазкур, он пурра ба истифода дода нашудааст.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон, зимни ифтитоҳи Марказ қайд намуда буд, ки дар ин марказ бо истифода аз техникиву технологияи муосир барои безараргардонии партов, яъне меъёрҳои замонавии экологӣ ҳамаи тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, қаблан дуди ангишт аз полоиши барқӣ ё электрофилтр гузаронида мешавад ва баъдан тавассути дастгоҳи махсус поксозӣ шуда, 99,8 фоиз безарар гардонида мешавад, ки ин нишондиҳанда ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқат менамояд.

Созишнома дар бораи бунёди Марказ соли 2012 миёни Тоҷикистону Чин баста шуда, сохтмони он моҳи ноябри соли 2012 бо арзиши лоиҳавии 870 миллион сомонӣ оғоз гардид ва моҳи равон навбати аввали он ба истифода супорида шуд.

Маркази барқу гармидиҳӣ аз ду дегхонаи энергетикии дорои иқтидори умумии беш аз 100 мегаватт ё худ қариб дуюним миллион киловатт-соат нерӯи барқ дар як шабонарӯз иборат буда, фаъолияти он бо истифодаи ангишти маҳаллӣ дар назар аст. Аммо экологҳо аз аввал зидди ин Марказ баромад намуда, онро барои муҳити зисти пойтахти Тоҷикистон зараровар арзёбӣ карда буданд.


АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?

АКС: Қатъи фаъолияти зараровари Маркази навбунёди Душанбе?


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • asad

  • 22 январ 2014 12:32
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
sharmandaho!!!
Посух додан
  • Чанг Чунг

  • 22 январ 2014 12:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Даҳшат, авомфиребӣ,худситоӣ, ба чашми халқ хокпошӣ, ин чи ахвол, ин чи кадрхои тасодуфӣ ва масхарабоз! Мардуми Тоҷикистон вазнинтарин марҳилаи таърихиро паси сар карда истодаанд.
Посух додан
  • аа

  • 22 январ 2014 12:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин факат мардумро алда кара гаштиян....О хамуна аввал тузук кунитон баъд истифодаба тит.
Посух додан
  • ДИМА

  • 22 январ 2014 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХАХА, ХАЙ ОЗОДАГОН РОСТА ГУ МАН БО МИЛОС ГУФТА БУДАМ КИ НА ЗИЕДА АЗ 1 ТО 3 СОЛ КОР МЕКУНАМ АММО ХАТТО 15 РУЗ НАПОИД ,АННА ИНАСТ ГАМХОРИХОИ ЧАНОБ ЯК ЧИЗРО ТАМОМ НАКАРДА ДА ЧАШМИ МАРУМ ХОК МЕПОША ДИДЕН МА МАРКАЗИ ГАРМИДИХИ ХУЙ КАДМ ,ШУКРОНА КНЕН
Посух додан
  • форс

  • 22 январ 2014 14:18
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
инхо ба экология ва мардуми очикистон берахманд бинобар ин бубинед прзидент ки чунин нуктаи гармидихиро мекушояд парвояш ба мардум нест Вой бар холи точикон бо ин хукумату давлат.

барои чи шархи мро чоп намекунед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хитои коре намекуна ки аз вай барака еби а б маориф пула те 870 милион
Посух додан
  • Дониёр

  • 22 январ 2014 15:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ман вакти кушода шуданаш хайрон манда будам, ки як руз пеш ба пешаш гузаштам кубуру турба хамаи чи партофтаги буд и тур ба фаъолият шуруъ карда боша фикр кардум, ки хай шаб кубурхоро насб карданд. Аммо афсус, ки то хол ба мардум хизмат намерасона ва дониста бошед, ки имсол мардум аз ин иншоот бахравар хам намешаванд зеро тамоми он кубурхое, ки ба ошиёнахо об меравад пусида хастанд. зеро чанд сол бе кор монданду пусида рафтанд баъзе оилахо охани бекор гуфта аз хонахояшон радиатрхоро канда партофтанд.....
Посух додан
  • форс

  • 22 январ 2014 15:21
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ин хукумат кораш факат ба хитойю киргиз додани замину марзи точикон дигар ба гармию сардии мардум парвое надорад хайр хамаашро вакт нишон медихад дар урфият гуфтаанд чучаро тирамох мешуморанд.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Асос лентара буридем баъдтар то кай рохбари давлата дар чашмаш хок мепошан кани раиси шахр вазири энергетика о равед бинед мардума чавоб тед
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
РОFУН САД СОЛИ ДИГАР УМРИ НОРАКА ДАРОЗ МЕКУНАД.
Посух додан
  • Ramazon

  • 22 январ 2014 16:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Чанг Чунг,
Oh Ramazon
Посух додан
  • 2

  • 22 январ 2014 16:43
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хонасозии Афандиро мемонад кубур нест тец хаст е ки диден дига намебинен
Посух додан
  • Мавлон

  • 22 январ 2014 18:56
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба назар мерасад ки мутасаддиен нав акнун дарк кардаанд ки сотхани чунин марказ дар даруни шахр ин кори хато буд…..
Посух додан
  • asadullo

  • 22 январ 2014 21:10
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мисли пештара - ай боло фармон доданд ки кушоен - кушодануш
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дасти баъзеҳо ба куҷое расад, он ҷо хушк мешавад.
Дарахт шононад, хушк мешавад, корхона кушояд, кор намекунад, гэс кушояд, Тоҷикистонро қарздор мекунад, тэс кушояд, ҳамаро чанголуд мекунад...
Шукрона гуед, миллати азизам, шукрона, ки ҳамин хел роҳбар доред!
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!