Бахшҳо
22 янв 2014 14:43Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси нави “Амонатбонк”: Амволи Толиб Айёмбековро мефурӯшем

Ҷамшед Норинов, раиси навтаъини “Амонатбонк” имрӯз, 22-юми январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, “қумандон”-ҳои Бадахшон то ҳол қарзи ин бонкро пардохт накардаанд ва афзуд, ки ният доранд молу мулки онҳоро ба фурӯш гузоранд.

Норинов аз ҷумла ҳаҷми қарзи Толиб Айёмбековро, ки аз “қумандон”-ҳои собиқи Бадахшон арзёбӣ мешавад, 450 ҳазор сомонӣ гуфта, таъкид намуд, ки “ният дорем аз ҳисоби фурӯши амволи Айёмбеков дар нимаи аввали соли равон қарзи асосӣ ва то охири сол онро пурра баргардонем. Феълан барои фурӯши амволи Айёмбеков ситоди махсус созмон додаем.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан роҳбарияти «Амонатбонк» гуфт, Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов, собиқ фармондеҳони мухолифин дар Бадахшон нисфи қарзҳояшонро барнагардондаанд ва изҳор дошт, ки дар ин робита додситонӣ парвандаи ҷиноӣ низ оғоз кардааст.

Гулнора Ҳасанова, собиқ роҳбари “Амонатбонк” изҳор дошт, ин афрод, яъне Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов, қарзро барои фаъолиятҳои соҳибкорӣ дар соли 2008 ва 2010 дарёфт карда буданд.

Ин дар ҳолест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон, моҳи сентябри соли 2012, зимни сафараш ба Бадахшон таъкид намуд, ки Ёдгор Мамадасламов ва Толиб Айёмбеков ҳар чӣ зудтар қарзашонро ба «Амонатбонк» баргардонанд.

Эмомалӣ Раҳмон, зимни мулоқот бо сокинони вилояти Бадахшон дар шаҳри Хоруғ дар моҳи сентябри соли 2012 ҳаҷми қарзи Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламовро бо назардошти фоизҳо 1 миллиону 265 ҳазор сомонӣ арзёбӣ карда буд. Раисиҷумҳур он замон иқрор кард, ки қарзҳои бонкӣ ба фармондеҳони мухолифин бо дастури худаш ироа гардидаанд: “Дастур дода будам, ки дар соли 2008 ба бархе аз кормандони ниҳодҳои қудратӣ қарзҳо диҳанд, то зиндагиашонро пеш баранд. Масалан, “Амонатбонк” ба хоҳари Ёдгор қарз дода, аммо 700 ҳазор сомонӣ баргардонда нашудаст. Абдураҳмонов, фарзанди Айёмбеков, 560 ҳазор сомонӣ қарзро барнагардондааст.”

Толиб Айёмбеков ва Ёдгор Мамадасламов дар баробари Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров ва Имомназар Имомназаров, аз чор қумандони маҳаллии Бадахшон маҳсуб меёбанд, ки тобистони соли 2012 додситонӣ онҳоро қочоқи маводи мухаддир, сангҳои гаронбаҳо ва қочоқи духтарон ва барои саркашӣ аз пардохти қарзҳои бонкӣ муттаҳам карда буд.
Мӯҳр
аз Помир
агар амволашро фурушед оё Толиб Айёмбеков баъзе "сирҳо"ро фош намекунад!?

chi tolib fikr kard karzashro hukumat mebaxshad?karz karz ast boyad suporand.

ансор
оё дар ин мамлакат хукукшиносе сиёсатшиносе марде хаст ки бигуяд ин макомдорони муосир бо 1-2 хазор сомони музди мохона чи гуна тавонистаанд ки ин микдор касрхои миллондоллара бисозанду то набеараашон мошинхои 80 хазор доллари харидааанд? пас карзхои толибро хисобу китоб кунанд....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)