Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 00:51

Кабирӣ: Узр напурсидаам ва чунин ният ҳам надорам

22 январ 2014, 17:12

Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва роҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон хабарҳоро дар мавриди узрпурсияш аз шаҳрдории Душанбе рад карда гуфт, то ҳол узр нахостааст ва чунин ният ҳам надорад.

Кабирӣ, имрӯз, 22-юми январ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ки мавқеи худро иваз накардаст ва намедонад, ки чаро масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист хабар додаанд, ки гӯиё ӯ аз шаҳрдорӣ нияти узрхоҳӣ дорад.

Маврид ба зикр аст, ки соли сипаришуда ҳукумати Душанбе ба додгоҳ шикоят бурда, талаб намуд, ки Муҳиддин Кабирӣ барои суханони "носазо" дар бораи вазъи экологии пойтахт, аз шаҳрдорӣ маъзаратхоҳӣ кунад. Асоси даъвои шаҳрдорӣ як матлабе, таҳти унвони “10 сол пас Душанбе урён мешавад” буд, ки дар он Муҳиддин Кабирӣ аз дарахтбурӣ дар хиёбонҳои пойтахт изҳори ташвиш мекард. Додгоҳи Исмоили Сомонӣ 29-уми январи соли гузашта қарор кард, ки бояд барои суханҳояш дар бораи вазъи экологии Душанбе, раҳбари ҲНИТ аз тариқи васоити ахбори умумии кишвар, аз шаҳрдорӣ узрхоҳӣ намояд.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ далелҳои пешниҳоднамудаи шаҳрдориро беасос хонда гуфта буд: “Вақте навори баромадро бо стенограмма дар Маҷлиси Олӣ баррасӣ намудаанд, ба хулоса омаданд, ки ягон қонунвайронкунӣ нест.” Муҳиддин Кабирӣ таъкид намуд, ки ба ҳеч ваҷҳ барои гуфтани мавқеъи худ узр нахоҳад пурсид.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
е мард бошетон е дар хизмати мард бизнеси сохтмони доретон саракатона хам кунеду узр пурсетон хеч гап намушуд
Посух додан
  • Абумухаммад

  • 22 январ 2014 17:53
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бар падарат рахмат Устоди гиромй!!! Кандта бизан, пеши хар хасу хошок узр напурс!!!
Посух додан
  • АЗЗ

  • 22 январ 2014 17:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Офарин Кабири!!! Ту аз чохилон набояд узр пурси!!!
Посух додан
  • сахар

  • 22 январ 2014 18:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
кабири мард бош узр напурс хома чорол чазирбод караданд инхл
Посух додан
  • Азамат

  • 22 январ 2014 21:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо аз чамоли бемислаш бонасиб бигардонад устозро.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Душанбе чи, ки тамоми Точикистон урён шуда истодааст аз дасти занхои нонпаз. Онхо лошахурон барин гирди хар дарахти каме хушкида давр мезананд, хушк нашавад, ягон чи мерезанд ба решааш. Охир ба онхо хезум лозим, хезум!!! Хавлии бинои мо сабзу хуррам буд, аммо холо дар Гугл аз боло бини, як биёбонро мемонад. Дарахтхои шинондаамон алхол кучаканд. Ва метарсам, ки калон ношуда туъмаи нонпазхо мегарданд.
Посух додан
  • Изхор

  • 23 январ 2014 08:06
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
И Кабири хам гарданшахай узр намепурса. лекин кори хуб хам мекунад чунки барои андешарони кардан дар бораи ватану миллат узр пурсидан ё узр хостан аблахист.!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ахсан
Посух додан
  • акрам

  • 23 январ 2014 11:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шинондани нихолхои сузанбарг бо амри боло дар тамоми Точикистон маъракаи сиёси шудааст. Дарахте ки на бар на барг на сояна чуб на хезуми соз ва на тавони зиёди хоричкунии оксиген ва на хосияти шифои дорад. хулоса дарахти бесамар кишварро бар зарар...
Посух додан
  • Сиёвуш

  • 24 январ 2014 10:25
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Фарханги шахрнишини ва шахрдори кариб,ки ба тамом аз байн рафтааст,кучо расад ба фарханги экологии шахрдори!Боиси таасуф хаст,ки ба чои ободи танхо кафорафи ва сухани дуруг хама чоро фаро гирифтааст!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хар гох дар тобистон автосентр чойи таксихои кулоб меравам холи занакхои кудакдора дида дилам хун мешава. Ягон чойи нишаст, ягон дарахт нест, ки занако панох ёбанд. Точикистон офтобист ба чойи дарахти сояафкан дарахти сузанбарг мешинонанд, ки на соя дораду на афти дуруст. Кабири дуруст мегуяд, аз автосентр тарафи дарё рахи нав сохтан, ин хуб аст, лекин ягон дарахти сояафкан дида намешавад. охиста пойтахт ба биёбон табдил меёбад, бо ин ахвол. Дар хамун авотосентр болои рох бинои нав - бонки Хумо сохтаанд. Ман аз шахрдори Убайдуллоев пурсиданиям, ки барои сохтани ин бино ки ичозат дод.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!