Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 12:45

Воҳидова ба "Тоҷирон" 30 ҳазор сомонӣ ҷарима супорид

23 январ 2014, 09:40

Файзинисо Воҳидова, ҳуқуқшиноси варзидаи тоҷик 30 ҳазор сомониеро, ки дар пайи як баҳси додгоҳӣ бо ширкати “Тоҷирон” ба пардохти он муваззаф шуда буд, супоридааст.

Хонум Воҳидова дар саҳифаи шахсияш дар Фейсбук дар ин бора хабар дода, аз сокинони кишвар ва гурӯҳи ташаббускори “Сипар” арзи миннатдорӣ кардааст. Ба гуфтаи Воҳидова, бархе аз шаҳрвандони Тоҷикистон аз хориҷ ва дохил дар якҷоякӣ бо гуруҳи ташаббускори “Сипар” бо хоҳиши худ дар пардохти ин “ҷарима” ба ӯ кӯмак кардаанд.

Ин ҳуқуқшиноси варзидаи кишвар гуфтааст, бори дигар исбот шуд, ки миллати тоҷик чӣ дар дохил бошад ва чӣ дар хориҷ муттаҳид шуда метавонад ва барои кӯмаки ҳар як ҳамватани худ ҳамеша омодааст: “Воқеан эҳсос кардам, ки мо тоҷикон ба ҳам дӯсту пайвандем ва дар мушкилӣ дасти ҳам мегирем.”

Ширкати “Тоҷирон” бо ирсоли як нома ба унвони Файзиннисо Воҳидова, ҳуқуқдони маъруфи тоҷик, рӯзи 9 январи соли ҷорӣ пардохти 30 ҳазор сомониро талаб кардааст. Дар ҳамин ҳол, Воҳидова гуфта буд, азбаски дар Тоҷикистон адолати додгоҳӣ дида намешавад, бахусус дар баҳсе, ки як тарафи он наздикону пайвандони шахси аввали кишвар қарор доранд, аз идомаи мубориза барои бекор кардани ҳалномаи Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе даст хоҳад кашид: “Дигар чорае нест, қарори додгоҳро бояд иҷро кард.”

Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе 19 июли соли гузашта ба баҳси додгоҳии Ширкати Тоҷирон бо рӯзномаи “ИмрӯзНюз” ва Файзиннисо Воҳидова нуқта гузошта, ин қазияро ба манфиати Тоҷирон, ки гуфта мешавад, ба наздикони раисиҷумҳури Тоҷикистон марбут аст, ҳал кард. Тибқи ҳалномаи ин додгоҳ ҳуқуқшиноси тоҷик барои пардохти 30 ҳазор сомонӣ ба ширкати “Тоҷирон” муваззаф шуда буд.

Эътирози масъулони “Тоҷирон” аз нашри матлабе бо номи "Мурдафурӯшӣ дар ширкати "Тоҷирон" (ИмрӯзНюз) аст, ки аз ҳодисаи садамаи автомашинаи боркашонии ин ширкат ва автомашинаи сабукрав дар роҳи Душанбе-Хуҷанд нақл мекунад. “Тоҷирон” дар додгоҳ даъво кард, ки матлаб шаъну шарафашро паст задааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 23 январ 2014 10:01
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
bas kun aknun igvoangezivu bad kardani hukumatro-in daf'a 300hazor mesupori.
Посух додан
  • Дехкон

  • 23 январ 2014 10:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хеч гап не апаи Файзинисо, вакташ омада истодааст, зо хазора зо миллиард карда ба халк месупоранд. Худованд Шуморо дар панохаш нигох дорад.
Посух додан
  • torik

  • 23 январ 2014 13:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
бори дигар исбот шуд, ки Точикистон-Торикистон аст!
tojik,
Ин хукумат аз бад бадтар аст. Пас чи тавр мешавад дар борааш сухани хакро нагуфт? Ё худат хам аз назди шабакаи аввал ва Тв сафина дур намешави?
Посух додан
  • vor v zakone

  • 23 январ 2014 14:05
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
конуни карда сума гирифтана сар каден ку шарм намедоред хой суду пракурорхо фардо чи чавоб медихед дар назди АЛЛОХ адолатро риоя намоед ба нестшави меояд давлату миллат

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!