Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:24

Оғози нишасти Хадамоти гумрук бе ҳузури Рустами Эмомалӣ

23 январ 2014, 10:15

Нишасти матбуотии солонаи Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми январ бе ҳузури Рустами Эмомалӣ, раиси навтаъини ин ниҳод оғоз шуд.

Тавре хабарнигори “Озодагон” аз ин нишаст иттилоъ медиҳад, Рустами Эмомалӣ, писари 26-солаи раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки охири соли гузашта аз ҷониби падараш раиси Хадамоти гумруки кишвар таъин гардид, барои суҳбат бо хабарнигорон ҳозир нашуд.

Ба ҷои ӯ Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали раиси Хадамоти гумрук аз фаъолияти солонаи Хадамоти гумрук феълан гузориш дода истодааст. Ӯ аз ҷумла таъкид кард, ки тайи соли гузашта Тоҷикистон бо беш аз 100 кишвари ҷаҳон додугирифт дошта, тиҷорати хориҷии кишвар дар соли 2013 5 миллиарду 301 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки нисбати соли 2012 161,2 миллион доллар зиёдтар мебошад.

Ба иттилои Хадамоти гумрук аз маблағи умумии тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 4 миллиарду 129,4 миллион доллар воридот ва 1 миллиарду 172 миллион доллар содирот мебошад, ки мувофиқан воридот 9,1 фоиз зиёд ва содирот 13,5 фоиз кам гаштааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • tojik

  • 23 январ 2014 10:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
nematjon korgari xub ast.digar korgaronro rustamjon az javononi purtajriba moned to digar korxonaho az shumo dars girand.
Посух додан
  • Рустам

  • 23 январ 2014 10:27
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бояд иштирок мекард то кай аз суханрони ва журналисто мегурези ба кадри имкон омада ба саволхо чавоб мегуфт. Намедонистагиша чонишини аввалша мепурсид дархол чавоб медод! Барои худаш тачриба мешид. Рост мегум ё не??
Посух додан
  • муборакшо

  • 23 январ 2014 11:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
барои дар нишасти матбуоти ширкат кардан ваба суолхои хабарнигорон псух гуфтан соха гумрукиро хуб бояд донист
Посух додан
  • saud

  • 23 январ 2014 13:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шояд у бо забони адабии пуркувати бузурги точикона харф задан барояш мушкил бошад
Посух додан
  • Дилёб

  • 23 январ 2014 13:19
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бародарон Рустамчон сухани мегуфтани надорад. Минбаъд вазифаи раиси Хадамоти гумрукро хам Неъматҷон Раҳматов ичро мекунад вазифаи муовини аввалро низ. Неъматҷон Раҳматовро махсус дар ин вазифа барои рохбаладии Рустан таъин кардаанд. Банда хамсоли Рустамчонам аммо дар як корхонаи давлати чойкашаке беш шуда наметавонам. Ба кавле "шукрона" карда гаштаам.
Посух додан
  • ВАЙРОН

  • 23 январ 2014 14:22
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
СОДИРОТИ МАХСУЛОТИ МЕТАЛХОИ РАНГАРО КИ МАНЪ ШУДААСТ БО САБАБХОИ НОМАЪЛУМ ВА МАЪЛУМ ИЧОЗАТ ДИХЕД СОХИБКОРОН МУДАТИ 3 МОХ МЕШАВАД КИ МАХСУЛОТАШОН ХОБИДА МАОШИ МАРДУМ НОДОДА КАРЗДОР ВА МУФЛИС ШУДАИСТОДААНД АКАЛАН МАХСУЛОТИ ТАЁРКАРДАИ ОНХОРО ИЧОЗАТ ДИХЕД 2 СОЛ МОНОПОЛИЯ БУД БАЪД МОНОПОЛИЯ КАТЪ ШУД ХУРСАНД ШУДЕМ БОЗ ЯГОН НАФАРИ ДИГАР ЧИ НИЯТЕ ДОРАД БЕ ИН ХАМ КОЧОК РАФТАИ СТОДААСТ БАРОИ ЧИ БО МО ИН ХЕЛ МУОМИЛА МЕКУНЕД НА АРИЗА ЧАВОБ ДОРАД НА ИНСОН АЗ НОНИ ХУРДАН МОНДЕМ ХУДОТОН СЕР ИНСОФ КУНЕД . ШИКАМИ ФАРЗАНДОНИ МО ШУМОРО ИНТИЗОР ШУДА НАМЕТАВОНАНД ГЗАРОНДЕН ОХИРДА
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шамъ. ба ту гуфтаниам ки Худованд курат меукуна ба и гапи бе маънет наход ту нафахми ки Чаноби Олии чи кор кардай э курнамако шугрона кунен ки тинч зиндаги мекунен бо ношукри назанатон бо соли 1992 дар ба дари мардум гарден ма намедонам ту чанд солаи не ки сад хайфи хамин хел чавон марди наход ика мора Худо зада боша як кори хамин мардро кадр накунем як бор тамошо кин оинаи нилгуна чи гапо рафтестай дар давлати Арабо. Мухочир меген мегуй дар хами дунё факат Точикай мухочир 90 фоизи Арманистон дар чохон мухочирай чи Узбакистон, Киргизстон, Казокистон, Гурчистон, давлатхои Африка Хитой Туркманистон хама хамин проблема дора мо мардуми Точик дар як чи зурем дар гайбати як дига Худованд хар инсона аз дили нияти покаш метия не ки тура дилат хамика гажд боша айби Чаноби Оли чи. Хачи Худо хост хамон мешава хеч вакт аз ед набарор.
Посух додан
  • соф вайрон

  • 25 январ 2014 15:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
неки ту диллер будаи далер набудаи
Посух додан
  • хомид

  • 27 январ 2014 00:44
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
чи мегуи далер девонамон карди ба хами гапхот ича тема дигар чи хаст хато омади
Посух додан
  • салдор

  • 24 апрел 2014 02:28
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
мазхакаи тайер ку

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!