Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 09:54

Мансуров: “19 қарори додгоҳҳои зинаи поёниро бекор кардем”

23 январ 2014, 10:15

Наим Мансуров, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон, рӯзи 23 январ дар ҷараёни нишасти хабарӣ гуфт, ниҳоди таҳти роҳбарияш дар соли гузашта 19 қарори додгоҳҳои зинаи поёниро бекор кардааст. Ин рақам, ба қавли Мансуров, дар муқоиса ба соли 2012 хеле камтар мебошад.

“Дар соли 2012 - 54 қарори додгоҳҳои поёнӣ дар натиҷаи баррасии шикояти кассатсионии шаҳрвандон бекор шуда буд”,-афзуд ӯ. Наим Мансуров илова кард, аз бекор гардидани санади додгоҳҳои поёнӣ бармеояд, ки ҳанӯз додрасҳо ба ёрии амалӣ ва баргузории давраҳои омӯзишӣ ниёз доранд.

Ба қавли Мансуров, дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби Додгоҳи олии иқтисодӣ 454 парванда ва 298 арзу шикоят баррасӣ гардида, 11 парванда ба далели ба созиш омадани ҷонибҳо қатъ карда шудааст. Вай гуфт, дар соли 2013 нисбат ба ягон додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!