Бахшҳо

Тавсияи Жириновский ба сиёсатмадорон: Зан нагиред!

Ба таъкиди Владимир Жириновский, раҳбари ҳизби либерал-демократии Русия ё ЛДПР раҳбарони қудратҳои ҷаҳон набояд зан дошта бошанд.

“Раҳбарони давлатҳои бузург ва нерӯманд бояд ҳамсар надошта бошанд. Зан халал мерасонад. Он мард раҳбарии тамоми ҷаҳонро зери ихтиёр дорад, аммо зан бо нағмаҳои аблаҳонааш пайдо мешавад”,-изҳор доштааст Жириновский.

Бино ба навиштаи “Интерфакс”, лидери ЛДПР муътақид аст, ки маҳз аз дасти завҷааш Барак Обама, раисҷумҳури ИМА вақтҳои ахир чандон ҳоли хуб надорад: “Ба зоҳири Обама нигаред, хеле тағир ёфтааст. Сабзранг шудааст. Ожангҳояш бештар шудаанд. Ба ин Мишел гунаҳкор аст. Клинтонро Моника баҳам зада буд”.

Владимир Жириновский ҳамчунин гуфтааст, ба президенти Амрико мактуб фиристода ӯро даъват мекунад, ки “зудтар аз занаш халос шавад”.

Авохири соли сипаришуда, дар расонаҳо овозае паҳн шуд, ки Мишел ва Барак Обамаҳо аз ҳамдигар ҷудо мешаванд, аммо расман дуруст ё дуруғ будани он тасдиқ нашудааст.

Раҳбари ЛДПР бо изҳоротҳои аҷибу ғарибаш ҳамеша дар сархати расонаҳост. Чанд вақт пеш ӯ ба таври нимшухиву нимҷиддӣ ба ҳамҳизбҳояш гуфт, ки дар 3 моҳ танҳо 1 маротиба алоқаи ҷинсӣ кунанд. “Аз таъсири порнография ва филмҳои фаҳш дар насли ҷавон меъёре ҳосил мешавад, ки ҳар қадар бисёр бошад, ҳамон қадар хуб. Вале ман мегӯям, ки ҳар қадар кам бошад, ҳамон қадар хуб аст ва танҳо дар ҳолатҳое, ки майли дуҷониб бошад. Стандарт: 1 маротиба дар 3 моҳ, яъне 3-4 маротиба дар як сол”, таъкид намуд Жириновский.
Мӯҳр
ин сухан магар қадру қиммати занро паст задан нест! Дам аз баробарии ҳуқуқи зану мард мезанед! рутон сиёҳ шумо муддаиёни ҳуқуқи башар!
Аммо Ислому пайғамбари мо биҳишта зери қудуми модар гутааст.

Ин Жириновский чинни шудааст. Инро 4-5 муллохо якто шуда чилёсин кунанд

Бобак
Бо хамин идеяхои пучи сиёси худро аз занаш дур карданист. Бехтараш ин Равгановский ба хамхизббонаш хамчинсгароиро таргиб кунад, ки бисёр ба вайбаринхо мезебад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)