Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:03

Бишкек аз тирпарронии нав дар марз хабар дод

23 январ 2014, 14:12

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, имрӯз, 23-юми январ бо пахши як иттилоия аз даргирии нави мусаллаҳона дар марз хабар додааст.

Ба иттилои ин ниҳод тирпарронӣ миёни марзбонони минтақаи Исиқ-кӯл ва афроди номаълум 23-юми январ сурат гирифтааст: “Тибқи иттилои гирифтаи марзбонон афроди номаълум корманди хоҷагии шикорро кушта, милтиқашро гирифтаанд.”

Манбаъ афзуд, ки вақте ҳайати марзбонон ба ҷои ҳодиса ҳозир шуданд, ҳадафи тирпарронии афроди номаълум қарор гирифтанд: “Зимни даргирӣ ду нафари вайронкунандаи қонун кушта шудаанд. Феълан ин гуруҳи қонуншикан иҳота шудааст.”

Ин дар ҳолест, ки қаблан марзбонони қирғиз бо ҳамтоёни тоҷикашон вориди даргирии мусаллаҳона шуданд, ки дар натиҷа ҳудуди 8 нафар ҷароҳат бардоштанд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Тааак. Здесь чтото нето. Прогнози ман хамин, ки инчо кадом як чониб (шояд чониби 3юм) накшаеро руи даст дорад. Ва ходисаи аввали ба дуюми халкахои 1 занчиранд. Марзбонхои Точик хушёриро аз даст надихед. Интуитция!
Посух додан
  • Точикак

  • 23 январ 2014 19:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Аз руи ахборот киргизхо хамаи куввахои асосии марзбонро ба сархади Точикистон оварда, самти Чинро бекас гузоштаанд. Магар онхо тоби дар ду чабха (фронт) чанг карданро доранд? Ин мардум (точику чини) монанди узбакони бехимояи Ушу Чалолобод нестанд, ки биёиву бикуши. Ин мардум дандон дорад мегазад гулуи гургро. Соли 2000-ум 6 нафар чангии харакати Исломии Узбакистон бо як армияи киргиз чи кор карданд, ки мо кунем. Ин мардум боди хастанд ва мо набояд ба онхо паст биёем..

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!