Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 13:39

Миллионҳо маблағ аз шикори Марко Поло куҷо мераванд?

23 январ 2014, 14:30

Кумитаи ҳифзи муҳити зисти Тоҷикистон нархи иҷозатнома барои шикори як гӯсфанди Марко Полоро дар кишвар 45 ҳазор сомонӣ гуфта, иттилоъ дод, ки соли гузашта аз ин ҳисоб ба буҷа беш аз 2 миллион сомонӣ ворид гардид.

Абдулқодир Маскаев, масъули ин Кумита дар посух ба суоли “Озодагон” гуфт, соли гузашта барои шикори Марко Поло 80 квота пешниҳод шуд, ки аз ин то ҳол 63 сар шикор шудааст.

Номбурда иброз дошт, ки таваҷҷуҳи хориҷиён ба ин намуди гӯсфанд зиёд аст ва шикори Марко Поло то моҳи марти соли равон идома хоҳад кард.
Маскаев қаблан дар суҳбат ба “Озодагон” иброз намуда буд, ки маблағҳое, ки аз ҳисоби шикори гӯсфанди «Марко Поло» дар ноҳияи Мурғоб ҷамъ мешаванд, 15% ба буҷети маҳаллӣ, 50% ба сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» ва боқимонда ба корҳои беҳсозии ҳифзи муҳити зист равона карда мешаванд.

Минтақаҳое, ки асосан ин намуди гӯсфандро дарёфтан мумкин аст, ин минтақаи Мурғоб, Ишкошим, Шуғнон мебошанд. Масъулини Кумитаи ҳифзи муҳити зист мегӯянд, «Марко Поло» ҳоло ба китоби сурх ворид шудааст ва теъдодаш дар Тоҷикистон ҳудуди 24 ҳазорро ташкил медиҳад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!