Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 21:29

Дасти ҳамсояҳо дар “гумшавӣ”-и миллиардҳо миёни Чину Тоҷикистон

23 январ 2014, 15:27

Неъматҷон Раҳматов, муовини аввали сардори Хадамоти гумруки Тоҷикистон, имрӯз, 23-юми январ, зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе фарқият миёни омори гумрукии Тоҷикистону Чинро дар бораи ҳаҷми додугирифти ду кишвар шарҳ дод.

Раҳматов аз шеваи инъикоси ин мавзуъ дар расонаҳо интиқод намуда, изҳор дошт, асли гап дар он аст, ки мақомоти гумруки Тоҷикистону Чин аз низомҳои гуногуни ҳисобукитоб истифода мекунанд: "Дар фаъолияти гумрукӣ молу воситаҳои нақлиёт тавасути 18 низоми гумрукӣ сабт мешаванд ва ташкил додани омори гумрукӣ ба назар гирифта мешаванд. Барои мисол якчанд ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон пудратчии асосӣ астанд ва барои сохтмони иншоотҳои махсусан муҳим воридоти техникаи онҳо аз супоридани боҷи гумрукӣ озод мебошанд. Дуюм ин, ки бархе аз техникаи гаронарзиш таҳти низоми муваққатӣ ворид мегарданд ва дар омори гумрукии Тоҷикистон ба инобат гирифта намешаванд.”

Раҳматов инчунин илова намуд, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон воридоти мол аз ҷониби шахсони воқеӣ дар ҳаҷми камтар аз 1000 доллари амрикоӣ ба таври содагардонидашуда ба расмият дароварда мешавад, на тариқи деклоратсия: “Он чизе, ки дар деклоратсияи гумрукӣ дарҷ намешавад ба оморӣ ворид намегардад. Содироти ин гуна молҳо аз ҷониби шахсони воқеӣ дар Чин ба инобат гирифта мешавад."

Муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон инчунин шарҳ дод, ки дар бисёри ҳолатҳо транзити қалбакӣ вуҷуд дорад: “Масалан, дар кишварҳои ҳамсоя гуруҳҳое ҳастанд, ки ба ин кор солиёни дароз машғул ҳастанд. Аз ҷониби ин кишварҳо мол барои Тоҷикистон муаррифӣ мешавад, вале чун аз Чин содир мешавад, дар худашон истифода мегардад. Лекин аз рӯи ҳуҷҷатҳо ин мол ба Тоҷикистон равона шудааст.”

Ба гуфтаи Раҳматов инчунин бархе аз ширкатҳои Тоҷикистон ба транзити мол ба Афғонистон машғуланд ва чун интиқолдиҳанда ширкати тоҷикистонӣ аст, дар гумруки Чин он чун моли Тоҷикистон сабт мешавад, вале дар асл ба Афғонистон равона мегардад.

Омили дигарро ноиби раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар он гуфт, ки содиркунандагони Чин манфиатдоранд, ки арзиши моли содиркардаашонро баланд нишон диҳанд, чун дар низоми андозбандии Чин ин омили муфид аст.

Раҳматов инчунин бо зикри омили дигар, яъне набудани додугирифти иттилооти гумрукӣ миёни Чину Тоҷикистон таъйид намуд, ки камбудиҳо вуҷуд доранд ва онҳоро дар сурати роҳандозии табодули иттилоот бартараф кардан имкон дорад.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои мақомоти гумруки Чин ҳаҷми додугирифти ин кишвар бо Тоҷикистон 1 миллиарду 700 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад, аммо ба иттилои ҷониби Тоҷикистон он камтар аз 700 миллион доллар аст. Таҳлилгарон мегӯянд, дар ин миён ба миқдори 1 миллиард доллар мол сабт нашудааст ва дар натиҷа буҷети Тоҷикистон аз садҳо миллион маблағ маҳрум мондааст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бахонаро кам кунеду турхалтатонро дахонашро бандед, иктисоди бозори мануту надорад хама махсулоти воридоту харочот то сузан бояд ки аз омори гумрук аз кайди давлати гузарад.

Дар Чин чазо барои гунохи иктисоди баробар ба кочоки мавод аст чихо мегуед
Посух додан
  • Далер

  • 23 январ 2014 16:30
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Боз худсафедкуни! Огои Рахматов ман шуморо хело хуб мефахмам, ки шумо ошкоро гуфта наметавонед, ки 1 миллиард доллар дар вакти хуччатгузории гумруки гум шуд. Ин гуфта "Омили дигарро ноиби раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар он гуфт, ки содиркунандагони Чин манфиатдоранд, ки арзиши моли содиркардаашонро баланд нишон диҳанд, чун дар низоми андозбандии Чин ин омили муфид аст" тамоман дуруг аст. Охир ин Хитой хаст на Точикистон. Муборизаи хитоихо бо коррупция бисер шадид аст ва бо Точикистон мукоиса карда намешавад. Барои хамин содиркунандаи хитои хеч вакт ин кори гуфтаи шуморо намекунад. Барои чи шумо икрор намекунед, ки хакатан дар гумруки мо фасодкорон зиеданд ва моли зиеде ки аз Хитой ворид мешавад умуман аз кайди гумруки намегузарад е ин ки бо як нархи рамзи мегузарад. Худам дар ин соха кор мекардам ва медонам ки мошинхои пур аз коло, ки нархаш зиеда аз 200,000 доллар нарх дорад аз гумрук бо нархи на зиеда аз 30,000 доллар мегузарад. Яне ба давлат шаш маротиба камтар пул ворид мешавад. Шумо бошад огои Рахматов ба халки точик савсата гуфта шиштед.
Посух додан
  • Я

  • 27 январ 2014 01:39
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин афсонаро монед, омори чинихо дакик буда, он манфиатдорони низоми гумруки ба катл мучозот мешаванд.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!