Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 07:24

Бознишастаи 64-сола бо дучарха ба Ҷоми Ҷаҳон-2014 рафтанист

23 январ 2014, 16:32

Акрам Маъруфҷонов, як бознишастаи 64-солаи узбак тасмим дорад тавасути дучарха ба Бразилия рафта, Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон ё Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол-2014-ро тамошо кунад.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии “Мир 24”, Маъруфҷонов аллакай аз ин тасмими худ Федератсияи футболи Узбакистонро огаҳ кардааст. Гуфта мешавад, ин нахустин чунин як кори нафақахӯри узбак нест. Соли 2006 ӯ бо дучарха ба Олмон рафа, МҚҶ-ро тамошо кард. Маъруфҷонов тавонист, ки соядасти бозигари дӯстдоштааш – Оливер Кан, дарвозабони яккачини Олмонро ҳам бигирад.

Ӯ тасмим дошт, дар МҚҶ-2010, ки дар ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ баргузор шуд, ширкат намояд, аммо муваффақ нагардид.

Мавриди ёдоварист, МҚҶ-2014 12 июн дар Бразилия шурӯъ мешавад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хама бо велосипед ба хонаи худо равад ин муйсафед дар ин синну сол ба Бразилия!
Посух додан
  • Достак

  • 24 январ 2014 08:31
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ма намефахмум и узбак укенуса ба великуш чи хел мегузашта бошад
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Илтимос точики нависед кати хами бознишаставу лагву дигар калимахои навбаромадтон бовар кунед ай лугатковира якчи шидем
Посух додан
  • Дилшод

  • 25 январ 2014 09:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хахаха, рост мегуи, Достак!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!