Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:19

Эмомалӣ Раҳмон: Се барномаи давлатӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад

10 август 2011, 03:47

Баъд аз зӯҳри дирӯз президент Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ташриф овард.


Бино ба қавли хадамоти матбуотии райисҷумҳур дар ин ноҳияи кӯҳистон Эмомалӣ Раҳмон нахуст дар маросими мавриди истифода қарор додани  бинои нави комиссариати ҳарбии ноҳия, ки бо тамоми шароити зарурӣ бунёд ёфтааст, иштирок кард.  Дар деҳаи Сари Мазори ҷамоати деҳоти Саталмуш бошад, бо иштироки президент як чойхонаи миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Манбаъ афзуд, дар саҳни ин чойхонаи тозабунёд райисҷумҳур бо роҳбарият ва  фаъолон инчунин намояндагони сершумори мардуми ноҳияи Балҷувон мулоқоти озоду ошкоро анҷом дод.

Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки   рафти татбиқи се барномаи давлатӣ, ки барои рушди ноҳияи Балҷувон, аз ҷумла барои барпо намудани инфрасохтори истироҳату сайёҳӣ аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон тайи 10 соли охир қабул шудаанд, мавриди омўзиш қарор гирифта, нисбат ба сохторҳо ва нафароне, ки вазифаҳои худро иҷро накардаанд, хулосаҳои зарурӣ бароварда шаванд.{jathumbnail off}



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!