Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 05:11

Се футболбози тоҷик аз санҷиши бошгоҳҳои Қазоқистон нагузаштаанд

24 январ 2014, 01:12

Се бозигари тими миллии Тоҷикистон аз санҷиши бошгоҳҳои Қазоқистон нагузаштаанд.

Бино ба иттилои торнамои Федератсияи футболи Тоҷикистон, ҳимоятгар Аҳтам Назаров дар клуби “Иртиш”, нимҳимоятгар Фатҳулло Фатҳуллоев дар бошгоҳи “Қайсар” ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров дар клуби “Жетису” дар чандин бозиҳои санҷишӣ ширкат намуда, аммо натавонистаанд, ки таваҷҷуҳи ин дастаҳоро ҷалб намоянд. “Онҳо ҳоло баргашта ба Тоҷикистон омадаанд”,-хабар медиҳад сайти ФФТ.

Ин дар ҳолест, ки ахиран аз қарордоди Даврон Эргашев, ҳимоятгари тими миллии Тоҷикистон бо клуби “Габала”-и Озарбойҷон хабар расида буд. Бозигари 25 солаи тоҷик ба расонаҳои Озарбойҷон гуфтааст, муҳлати қарордод то охири мавсим дар назар буда, дар сурати лозим тамдид хоҳад шуд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Долар

  • 24 январ 2014 22:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Таго надоштян чи? Сум медодан мегузаштан! Точикистонда меша ку.

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!