Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 14:35

Абдилдаев тариқи телефон аз Аслов посух хостааст

24 январ 2014, 10:46

Вазорати умури хориҷии Қирғизистон мегӯяд, рӯзи 23 январ бо дархости ҷониби Душанбе суҳбати телефонии Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои қирғизаш, Эрлан Абдилдаев, баргузор шудааст.

Бар асоси иттилои Вазорати умури хориҷии Қирғизистон, оқои Аслов ва Абдилдаев масоили марбут ба тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонони ду кишварро баррасӣ карда, хостори ҳалли ҳарчӣ зудтари ин таниш шудаанд. “Тарафайн таъкид намуданд, ки қазия муштарак таҳқиқ ва гунаҳкорон муҷозот шаванд”,-навиштааст торнамои расмии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон. Дар баробари ин, вазири қирғиз ба ҳамтои тоҷикаш нотаҳои қаблан ирсолкардаи Бишкекро хотиррасон карда, изҳор доштааст, ки интизори посух ба онҳо мебошад.

Бишкек аз рӯзи сар задани даргирӣ дар марз аз ирсоли се нота ба Душанбе хабар дода, инчунин сафирашро дар Тоҷикистон фаро хондааст. Ин кишвар бо муттаҳамсозии Тоҷикистон дар таниши марзӣ гузаргоҳҳои сарҳадияшро низ бастааст.

Тирпаронӣ миёни марзбонҳои Қирғизистону Тоҷикистон нимрӯзи шанбеи 11 январ сурат гирифта, аз ду ҷониб 8 захмӣ боқӣ гузоштааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо пахши изҳороте ҷониби Қирғизистонро дар оғози тирпаронӣ муттаҳам карда, далели задухӯрдро аҳдшикании қирғизҳо барои идомаи сохтмони роҳи алтернативии ин кишвар дар замини Тоҷикистон номид. Инчунин, Шараф Файзуллоев, фармондеҳи Ситоди нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон зимни як суҳбаташ таъкид намуд, ки тирпаронии 11 январи соли ҷорӣ дар Хоҷаи Аълои Исфара бо айби марзбонҳои қирғиз шурӯъ шуда, “нахуст онҳо бо истифода аз пулемёту камонҳои снайперӣ сарҳадбонони тоҷикро шадидан тирборон кардаанд.” Генерали тоҷик чандин санадҳои таърихию созишҳои тарафайнро номбар карда, таъкид сохт ки минтақаи даргирӣ қаламрави Тоҷикистон аст.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!