Бахшҳо
24 янв 2014 11:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Қосим Қосимов эълон кард, аз ӯ Қосими Роҳбар ном баранд

Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, рӯзи 24 январ тайи як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, ният дорад, пасванди “ов”-у “вич”-и русиро аз насабаш ҳазф кунад ва ба ин манзур ба мақомот низ ариза пешниҳод кардааст. Вай афзуд, минбаъд ба ҷои Қосим Раҳбарович Қосимов аз ӯ Қосими Раҳбар ном бурда шавад.

Ҳазфи пасвандҳои русии “ов”-у “вич” аз ному насаби мансабдорони тоҷик дар пайи даъвати раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар моҳи марти соли 2007 сурат мегирад. То кунун чанде аз мансабдорон дар пайравӣ ба раисиҷумҳур, ки ному насаби худро аз Эмомалӣ Раҳмонов ба Эмомалӣ Раҳмон табдил додааст, аз баҳри “ов”-у “вич” гузаштаанд. Ахиран Шерхон Салимзода, додситонии кулли Тоҷикистон, дар ҷаласаи солонаи ҳукумат аз таваҷҷуҳи зиёди шаҳрвандони кишвар ба насабгузорӣ тариқи пасвандҳои “ов” ва “вич” интиқод намуда, онро далели заъфи ғояи миллии афроди алоҳида хонд.

Бо ин ҳол, Қосим Қосимов далели ба варианти тоҷикӣ гардондани ному насабашро нагуфт ва танҳо ишора кард, ки қиссаи номгузории ӯ таърихи тӯлонӣ дорад. Оқои Қосимов аз соли 2008 то кунун вазири кишоварзии Тоҷикистон аст. Вай ба ин мақом баъд аз тақрибан ду соли барканорияш аз мақоми раиси вилояти Суғд омадааст. Вай, ки аз соли 1996 то 2006 раиси вилояти Суғд буд ва яке аз афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон дониста мешуд, ба таври ногаҳонӣ аз мақомаш барканор гардида, ҳатто ду сол мансаб надошт ва танҳо ба ҳайси раиси дафтари Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар Суғд кор мекард.

Номи Қосим Қосимов дар охири соли 2003 ва аввали 2004 бо нашри чанд матлаби интиқодомези нашрияи мустақили “Рӯзи нав” вирди забонҳо шуд ва баъдан ба яке аз қаҳрамонҳои матбуот табдил ёфт.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
О ин носерам вазъи заминхоро чцур кунад, ё истехсоли галларо биафзояд. Чанди сол Сугдро горат кард, инак вазоратро ба ягмо мебарад. Ту чиву фамилияи точики чи?
Хараи мара назхандолнен

а
Косим номи худат, рахбар номи падарат. Фамилияи авлоди чи? Хамин вазирхои мо худашон бесаводанд. Дар Россия барои дар паспорт бе фамилия будан хеле точиконро ворид шудан намонданд.

Ин як нав хушомадгуи ва чоплуси дар назди рохбари давлат ва прокурори генерали пас аз мусохиба ба матбуот Хеч гап не гунохоят бахшида шуд инсу гузар

Сарвар
Бигзор Косимов бошиву инсон боши ва фаросати инсони дошта боши, вазифаатро аз дилу чон ичро карда дар пешрафти соха накш дошта боши, лекин мо дида истодаем, ки кишоварзиро дар чумхури нест карди,

Беном
Магар намешавад номи хонаводгаии худро нигаҳ доранд? Магар намешавад як пасванд мисли -зода, -ӣ, -иён, -пур, -зод, -нажод ва... изофа кунанд?а,

а, Номи падар (отчество) набошад ҳам ишколе надорад (чи беҳтар) тибқи қавоъиди байналмилалӣ, аммо бояд ҳар кас номи хонаводагӣ дошта бошад.

ислом.70mail.ru
еврейский падхол меган ина ин хилахо чиноятхои гузаштаро нобуд намекунад Худованд аз хамаи макрхо хабар дорад каме мондааст хакикат руй мезанад

a ida 2kambagalda 3 sotiq zamin imzo ana Rohbar neyu, Rohbarjon mewudi

Аббос
Бехтар мебуд Косими Кишоварз тахаллус мекард!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)