Бахшҳо
24 янв 2014 14:57Тоҷикистон / Сиёсат

Қосимов дар бораи корҳои “ноҷо”-и тобеин, айби худ ва додани замин ба чиниҳо

Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон, 24 январ зимни нишасти матбуотӣ дар бораи корҳои “ноҷо”-и тобеин, шубҳаи Вазорати молия, додани замин ба чиниҳо ва гунаҳкорони бекор мондани ҳазор гектар замини обӣ дар кишвар суҳбат кард. Қосимов дар оғози нишаст аз тасмими давлат барои бунёди ипподроме ба қимати 13 миллион сомонӣ хабар дода, афзуд, он дар мавзеи Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ сохта мешавад.

Вазири кишоварзӣ бо зикри ин тасмим афзуд, то ҳол барои бунёди ипподром 200 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки ба гуфтаи ӯ хеле кам мебошад: “Ин маблағ барои сохтмони ипподроме, ки 16 гектарро фаро мегирад, хеле кам аст. Ипподром барои рушди асппарварӣ мусоидат мекунад.” Вазир илова кард, соли гузашта барои татбиқи барномаи рушди асппарварӣ 250 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки аз ин ҳисоб 30 сар аспи зоти тоҷикӣ харидорӣ гардид.

Қосимов дар масоили тақсими об гуфт, набудани шаффофият дар ин соҳа пайваста миёни хоҷагиҳои деҳқонӣ ва масъулини об муноқиша ба бор меорад: “Обчиҳо аз мо норозиянд мо аз онҳо. Дар баъзе маврид кормандони об дуруст мегӯянд, ки маблағро хоҷагиҳои деҳқонӣ то охир истифода бурданду надодаанд ва дар баъзан мавридҳо хоҷагиҳои деҳқонӣ мегӯянд, ки дар вақти зарурӣ ба мо обро надоданду вақте лозим набуд баъд доданд. Ин баҳс то ҳоло идома дорад ва оянда зимни ислоҳоти соҳаи об, ки ҳоло идома дорад чунин масъалаҳо ба назар гирифта мешавад”. Вазири кишоварзӣ гуфт, дар доираи ислоҳот бахши обтаъминкунии заминҳо ба ихтиёри секторҳои хусусӣ дода хоҳад шуд.

Ӯ инчунин таъкид кард, ки соли гузашта 12 ҳазору 600 гектар заминҳои обӣ бекор мондаанд, ки аз ин тахминан 3 ҳазораш аз ҳисоби нодуруст бурдани корҳои хоҷагӣ мебошад: “Яъне замин қисман об дорад, лекин хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкил нашудаанд, ки ин пеш аз ҳама айби мо аст. Лекин 70 фисади дигар барои бо об таъмин нашудан ё ботлоқзор буданашон бекор мондаанд, ки кормандони соҳаи об инро бояд ислоҳ кунанд.”

Дар баробари ин, Қосимов гуфт, аз замони шӯравӣ дар ҳисобҳои оморӣ 43 ҳазор гектар замин ҳамчун заминҳои обӣ мондаанд, вале дар асл ин заминҳо лалмиянд, гарчанде ҳамчун заминҳои обӣ андозбандӣ шудаанд. Ӯ бо зикри ин омил гуфт, тарафдори кушодани заминҳои нав нест, зеро аз он дида барқарор кардани собиқ заминҳои обӣ арзонтар меафтад: “Барои мисол, агар барои заминҳои нав 3 сомонӣ сарф шавад, барои барқарор намудани собиқ заминҳои обӣ 1 сомонӣ харҷ мешавад.”

Вазири кишоварзӣ зимни нишаст, инчунин ба масъалаи додани замин ба чиниҳо дахл карда, гуфт, тибқи шартномаи тарафайн ба чиниҳо 500 гектар замини бекорхобида дода шудааст: “Ба ширкати “Синзиян Инхей”-и Чин 500 гектар замине, ки дода шудааст, дар он растанипарварӣ, истеҳсоли сабзавот ва ташкили гармхонаҳои дорои шарити хуб ба роҳ монда шудааст.“

Дар идома вазир инчунин гуфт, деҳқонҳо маблағи тухмиро саривақт барнамегардонанд, вале Вазорати молия дар ин шубҳа дорад. Ӯ гуфт, шубҳаи Вазорати молия аз шеваи кор дар Вазорати кишоварзӣ онҳоро водор сохт, ки баъзе аз деҳқонҳоро ба додгоҳ кашанд: “Дар баъзе маврид деҳқон мехоҳад пули тухмӣ ҳамчун кӯмак ба онҳо ройгон монад, лекин тибқи шартномае, ки Вазорати кишоварзӣ дар назди Вазорати молия дорад, мо бояд қисман ин пулҳоро баргардонем.”

Баробари ин Қосимов эътироф намуд, ки бархе аз тобеинаш зимни тақсими тухмӣ ба камбудиҳо роҳ додаанд, ки феълан аз кор озод шудаанд: “Ин кормандони собиқ ба баъзе корҳои ноҷо ҳам роҳ доданд. Ман онҳоро аз кор гирифтам ва Прокуратураю Палатаи Савдо сари ин масъала кор бурда истодаанд, ки дар ин ҷо аз худкунии маблағ ҳам аст”. Вазир афзуд, ки ҳамасола аз ҳисоби буҷети кишвар 5 миллион сомонӣ барои тухмӣ чудо мешавад.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
3
Хаму Ипподроми шумо кида даркор бехтараш ягон камбагалро ёрдам кунед!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)