Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 03:13

Мурофиаи паси дарҳои бастаи Маханов дар боздоштгоҳи КДАМ

24 январ 2014, 16:05

Додгоҳи олии Тоҷикистон ба баррасии парвандаи Алимурод Маханов, ки аз ӯ раҳбари як гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ ном бурда мешавад, паси дарҳои баста оғоз кардааст. Як манбаи огоҳ гуфт, ин мурофифа дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ҷое ки Маханов ва ҳамроҳонаш нигаҳдороӣ мешаванд, мегузарад.

Ба қавли манбаъ, мурофиа 22 январи соли ҷорӣ оғоз шуда, то ҳол гумонбарон ба суоли додрас посух гуфтаанд. “Баррасии парванда ба 27 январ гузаронда шуда, дар назар аст, охири ҳафтаи оянда ҳукми ин гурӯҳ хонда шавад”,-афзуд манбаъ.

Дар ҷараёни тафтишот Алимурод Маханов худро қисман гунаҳкор дониста буд. Айни ҳол Маханов барои ташкили иттиҳоди ҷиноӣ, терроризм, бо худ гирифта гаштани лавозимоти ҷангӣ ва моддаҳои тарканда муттаҳам мешавад. Маханов ва ҳамроҳони ӯ дар остонаи интихоботи президентии 6 ноябр боздошт шуданд. Худи ӯ дар як намоиши телевизионӣ гуфта буд, ҳадафи онҳо таркондани баъзе иншооти Душанбе, аз ҷумла бинои Кумитаи амнияти миллӣ ва “шикастани сохтори давлатии Тоҷикистон” буд. Ба гуфтаи Маханов, ӯ соли 2011 ба узвияти Ҳаракати исломии Узбакистон шомил шуда, раҳбарии гуруҳи ҳаштнафараеро, ки муташаккил аз шаҳрвандони Туркия, Қирғизистон ва Узбакистон мебошад, бар зимма доштааст.

Мақомот мегӯянд, Алимурод Маханов то замони боздошташ дар ҳудуди шаҳри Душанбе чандин таркишҳоеро анҷом дода, аз ҳуҷраҳои ба иҷора гирифтаи аъзои гуруҳ аз кӯчаҳои Фучик ва Неъмат Қарабоеви Душанбе ду таппончаи тамғаи Макаров бо тирдон, адабиёти динӣ-ифротӣ, нақшаҳои тарзу усули омода ва таркондани маводҳои тарканда, сару либоси ҷангӣ, ноқилҳои гуногун ва камарбандҳои интиҳорӣ низ ёфт шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!