Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 11:44

Дуйшенбиев: 11 нафарро барои гапногирӣ ва қатли як қирғиз нобуд сохтем

24 январ 2014, 17:19

Хадамоти марзбонии Қирғизистон далели ба пуррагӣ нобуд кардани ҳайати 11-нафарии марзшиканонро шарҳ дод.

Раҳимбердӣ Дуйшенбиев, иҷрокунандаи вазифаи раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон рӯзи 24 январ зимни нишасти хабарие гуфт, ин гуруҳи 11-нафарии марзшикан ба хотире пурра нобуд карда шуданд, ки як шаҳрванди ин кишварро ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида буданд.

Инчунин ба гуфтаи Дуйшенбиев, ин гуруҳи марзшиканон аз таслим шудан саркашӣ кардаанд: “Онҳо бо истифода аз дуди сухтори бинои дидбонгоҳи “Пикертик”, ки аз сӯи онҳо оташ зада шуд, мехостанд, фирор кунанд. Вале ба хотири аз даст додани онҳо, ман дастур додам, ки пурра нобуд карда шаванд.” Иҷрокунандаи вазифаи раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳадафи ин гуруҳ аз ҳамла ба марзбонони кишварашро соҳиб шудани силоҳ арзёбӣ кардааст.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, рӯзи 23 январи соли ҷорӣ бо пахши як иттилоия аз даргирии нави мусаллаҳона дар марз хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, гурӯҳи марзшиканон корманди хоҷагии шикори ин кишварро кушта, ба марзбонони минтақаи Иссиқ-кӯл мухолифати мусаллаҳона нишон додаанд. Тибқи иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуруҳи марзшиканон дар 40-километрии марзи ин кишвар бо Чин муҳосира ва кушта шуданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • точик

  • 24 январ 2014 19:38
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин киргизхо одамони бе ярокро куштаанд. Холо бошад реклама карда истодаанд ки касе марзи моро гузарад холаш чунин хохад шуд. Моро тарсонда истодаанд вале ба онхо фахмонед ки агар даркор шавад дар се соат дар Бишкек мешавем.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ба хама маълум аст ки бо супориши давлати Чин паграничнихои киргизистон ин бечора хои фирории Уйгурхоро нобуд сохтанд.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!