Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 26 июл 2017, 01:40

Баҳсҳои энержӣ дар мулоқоти Раҳмон бо муовини Путин

25 январ 2014, 10:28

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Игор Шувалов, муовини аввали раиси ҳукумати Русия масоили ҳамкориҳои дуҷониба дар самти энергетикаро ба баҳс гирифтааст.

Тибқи иттилои дафтари матбуотии раёсати ҷумҳури кишвар, рӯзи 24 январ Эмомалӣ Раҳмон муовини аввали раиси ҳукумати Русияро, ки дар доираи як сафари расмӣ дар Душанбе қарор дошт, ба ҳузур пазируфт. Манбаъ мегӯяд, ҷонибҳо дар ин мулоқот, масоили ҳамкории ҳарбию техникӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, бахши муҳоҷирати корӣ ва робитаҳои гуманитариро баррасӣ намудаанд.

Игор Шувалов аз рафти нишасти навбатии 12 ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва техникии ду кишвар дар Душанбе ба Эмомалӣ Раҳмон гузориш дода, аз натиҷаҳои он изҳори қаноатмандӣ кардааст.

Игор Шувалов дар доираи як сафари расмӣ ба хотири иштирок дар ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия шоми 23 январ вориди Душанбе гардид. Ӯ дар ҷараёни сафараш ба Душанбе бо Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон ва раисиҷумҳури кишвар дидор ва гуфтугӯ карда, масъалаи қарзи Барқи тоҷик аз нерӯгоҳи Сангтӯда-1-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ҳафтод дарсади саҳмияи ин нерӯгоҳ дар дасти Русия ва сӣ дарсади он ҳаққи Тоҷикистон аст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
70 ё 75 дар сад?????
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоё моро мухточ макун!

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Июл 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930
31 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!