Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 19:10

Ирсоли тарҳи ҲНИТ барои тағйири қонуни интихобот ба ҳукумат

25 январ 2014, 11:30

Шӯрои Маҷлиси Намояндагон тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи парлумонро, ки аз сӯи вакилони Ҳизби наҳзати исломӣ пешниҳод шуда буд, баррасӣ карда, онро қабул намудааст. Сайидумар Ҳусайнӣ, муовини аввали раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар парлумон, гуфт, “ҳоло тарҳ ба кумитаҳо, ҳукумат ва дигар мақомоте, ки ҳаққи пешниҳоди қонунро доранд, фиристода шудааст.”

Ба қавли Ҳусайнӣ, “ин субъектҳо ҳақ доранд, то ду моҳ ин тарҳи қонунро матраҳ карда, баъдан, ҷавоби худро фиристанд.” Сайидумар Ҳусайнӣ изҳори умед кард, ки тарҳи онҳо барои ворид кардани тағйирот ба қонун “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон” аз тарафи дигар субъектҳо низ дастгирӣ ёфта, ба баррасии ҷаласаи парлумон роҳ меёбад: “Мо умедворем, чунки ҳоло он фазои ҳассоси пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон нест. Фазо каме дигар шуда, ки вакили Ҳизби халқӣ – демократӣ Маҳмадалӣ Ватанов низ як тарҳ барои вориди тағйиру илова ба қонуни интихоботи парлумониро пешниҳод кардааст.”

Тарҳи тағйиру иловаҳо ба қонуни интихоботи парлумонии Тоҷикистон дар ҳоле пешниҳод мегардад, ки қарор аст, соли оянда интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон баргузор гардад. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳизби умдаи мухолиф дар кишвар, баъд аз анҷоми интихоботи президентии шашуми ноябри соли 2013 гуфта буд, онҳо тамоми талоши худро ба интихоботи соли 2015 равона кардаанд ва бисёр мехоҳанд, курсиҳои бештари Маҷлиси Намояндагонро соҳиб шаванд. Ҳизби наҳзати исломӣ дар ду интихоботи гузаштаи парлумонӣ бо номзадҳои худ иштирок карда, дар ду навбат ду курсии парлумонро соҳиб шудааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!