Бахшҳо

Раҳматилло Зоиров: "То 20 моҳи дигар раисиро канор мегузорам"

Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), бо пахши изҳороте гуфтааст, раёсати ӯ тирамоҳи соли 2015, яъне баъд аз 20 моҳи дигар, ба поён мерасад ва ӯ ҳатман вазифаашро канор хоҳад гузошт. Ӯ бо зикри ин нукта солҳои 2014 ва 2016-ро барои ҳизбаш соли ислоҳоту навсозӣ унвон кардааст.

Оқои Зоиров дар изҳороти худ, ки рӯзи якшанбеи 26 январ интишор додааст, гуфта, ки Шӯрои сиёсии ҳизбаш моҳи декбари соли 2015 ҳатман раҳбари наверо интихоб хоҳад кард. “Раиси ҳизб ҳар касе аз аъзои Шӯрои сиёсӣ ва ё ҳар фаъоли ҲСДТ метавонад бошад, новобаста аз ин ки номзад ба раис аз марказ аст ё аз нуқтаи дигари кишвар, дар дохили кишвар зиндагӣ мекунад ва ё дар муҳоҷират қарор дорад”,-афзудааст ӯ.

Раҳбари кунунии ҲСДТ гуфтааст, дар интихоботи парлумонии соли 2015 низ рӯйхати ҳизбии онҳо на бо номи раис, балки бо номи наве оғоз хоҳад ёфт. Анҷумани пешазинтихоботии ҲСДТ, ба гуфтаи Зоиров, моҳи декабри соли 2014 баргузор мешавад ва дар он рӯйхати нави ҳизбии ҲСДТ тасвиб мегардад. “Албатта, масъалаи интихоби раиси нави ҲСДТ аз бисёр ҷиҳат аз натиҷаҳои интихоби намояндагони ҲСДТ ба мақомоти интихобии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба Маҷлиси намояндагон, вобастагӣ дорад. Дар ҳоли ҳозир ман метавонам танҳо як нуктаро равшан баён дорам: ин рӯйхат бо номи намояндаи нави ҲСДТ, ки ӯ ҳатто мумкин аст яке аз занҳои фаъоли ҳизб бошад, оғоз мегардад. Аммо барои ман мӯҳлати иҷрои вазифаи раиси ҲСДТ дар тирамоҳи соли 2015 ба охир мерасад”,-илова кардааст ӯ.

Зоиров дар идома гуфтааст, “солҳои 2014-2016 барои Ҳизби сотсиал демократи Тоҷикистон солҳои навсозӣ хоҳанд шуд! Бо қаноатмандӣ метавон гуфт, ки ҳоли ҳозир шумораи кофии фаъолоне парварда шудаанд, ки метавонанд ба таври шоиста ҳам дар аввали рӯйхати ҳизб бошанд ва ҳам ҳизбро роҳбарӣ намоянд. Бо вуҷуди ин, кори тарбияи кормандон, бавижа аз ҳисоби ҷавонон, вогузор кардани самтҳои муҳим ба ҷавонони масъулиятпазир идома ва устувортар хоҳад ёфт.” Раиси кунунии ҲСДТ афзудааст, 20 моҳи боқимондаи раёсати худро барои тарбия, интихоб, ҷобаҷогузорӣ ва пешбарии раҳбарони нави ҳизбӣ сарф хоҳад кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
1
Агар Зоиров аз ХСДТ биравад хизбам аз фаъолият хохад монд. Мардум танхо Зоировро мешиносад.

Саттор
Офарин!!! Ту хатман бояд камбудихои давлатро руи рост гап зани,,,,

Хабиб
Умедворем, ки Зоиров ба монанди худаш шахси далерро раиси хизб мемонад!!!!!!

Сарисок
Худо гуед, ки то соли 2015 хизбчаатон бархам нахурад...

umedvorem in hizbi josus ba zudi nest karda shavad.

Ватандӯст
Офарин, муҳтарам Зоиров барои мавқеъгирии миллӣ ва инсониатон, ки манфиатҳои ҳизб, Ватан ва миллатро Шумо ҳамеша мадди назар мегиред. Кош ҳама сарварон монанди Шумо аз пайи омӯзишу парвариши кадрҳои нав бошанд! Шумо пештар ҳам, аз рӯзе, ки ба арсаи сиёсат қадам гузоштед, бо пиндор,гуфтор ва кирдори худ на танҳо ба тарбияи кадрҳои ҳизбии худ, балки ба тарбияи ҳазорон ҳазор тоҷик таъсири мусбати худро расонидед. Як худи ибрати шахсиатон, ки аз пайи ҷамъ кардани молу пул ва дар фикри пур кардани киса ва шиками худ нестеду ҳамеша ғами мардумро мехуред, ин бузургтарин дарс аст барои ҳамагон! Дар ҳоле ки дигар мансабпарастон дар фикри пораву ришва ҳастанду парвои ободиву озодӣ ва босаводу бофарҳанг шудани мардуми Тоҷикистон нестанд, Шумо бо ҳамандешони худ дар фикри ҳимояи мардуми одӣ ва беҳтар кардани саводу дониш ва зиндагии онҳо ҳастед. Вале ман ба ин нукта, ки гӯё пас аз 20 моҳ Шумо сарварии ҳизбро ба каси дигар месупоред, розӣ нестам. Ҳизб як созмони иҷтимоӣ аст ва ин Ҳизби Халқи Демкратии Тоҷикистон нест, ки дар сари қудрат бошад ва аз ин нигоҳ Шумо то он замоне, ки аъзои ҲСДТ мехоҳанд,бояд сарварӣ кунед. Бубинед, ҷаноби Шабдолов беш аз 20 сол аст, ки роҳбари коммунистон аст. Масъалаи интихоби президентӣ албатта чизи дигар аст ва дар он бояд раиси чумҳур паёпай ба муддати ду давра ҳаққи ширкат кардан дар интихоботро дошта бошад. Вале интихоби раиси ҳизб кори дохилии он ҳизб аст ва ин масъала танҳо салоҳияти он ҳизб асту бас. Дар ҳар сурат, мо шодем, ки монанди Шумо сарвари сиёсии поквиҷдону ватандӯст ва мардумпарвар дорем. Сарбаланду пирӯз бошед!

Зариф
рахматулло дар урфият мегуянд ки аз пода пеш чанг накун.Ман шуморо хамчун як хукушиноси варзида ва богурур медонам ва медонам ки раиси хизб будан интихоби аст вале аъзоени хизб агар дилашон ба хизбу миллат сузад бояд Шуморо итихоб кунанд доми.Точикистон дар кадом вазъ карор дорад фарзандони босаводу богурураш дарк мекунанд ва дилашон бамиллати саргумзада месузад ва мехохем ки миллати мо низ мисли дигар миллатхои пешрафта бошанд ва ба ин хам хак дорад.Барои пешрафти ин амал фарзандони фарзонаи миллат бояд кушишишу гайрат кунанд мисли Шумо барои ин ки имруз мардум ба ин ниези бехад дорад ва агар мо хомуш нишинем сохтори давлатро монархи мекунанд инро бояд хамаи хизбхо ман дар назар дорам хизби шумо ХНИТ ВА коммунистхоро дарк кунанд.Харчанд ман аъзойи хизби Шум о нестам вале ният дорам ба хизбатон шомил шавам ва барои пешрафти миллат талош кунам факат ба хотири аз ин вартаи ногувор баровардани миллату давлат.

зариф
чаро шархи маро чоп накарди

Салом ба хама! Озодагон медонам ки Шумо шарххои маро нашр намекунед, вале боз хам менависам!
Рахматулло Зоиров як сафсатагуе беш нест!
Хизби у ба ном Раис ва мувоинон дорад, дар асл бошад ягон фаъолияти ин хизб дар чомеа маълум нест ва худи хизб хам ягон мавкеъ надорад. Танхо баъзан дар матбуот мебинем, ки Зоиров хамчун раиси "ХИЗБ" баёнот ва изхоротхои игвоангезона медихад. Яъне метавонем бигуем, ки ХСДТ хизби "МАТБУОТИ" мебошау бас. Берун аз матбуот фаъолият надорад.

Tojik
Zoirovro hurmat mekunam, ki mumkin donishi xub dar borai qonunguzori dorad va tars az maqomot nadorad, lekin hamchun rohbar vay tamoman istedod nadorad. U dar mudati 20 sol natavonist, ki hizbashro purquvvat kunad va kori hizbro ba yak darajai baland bardorad. Hizbash hatto yak utoq baro guzarondani jamomadhoyash nadorad. Safi hizbashro ziyod nakard. Vay boyad rohoro justuju mekard, ki hizbashro az jihati iqtisodi, electorati qavi mekard, lekin az uhdai in kor nabaromad. Baroi hamin fikr mekunam, ki agar shakhs natavonist kori yak hizbro ba somon andozad va yak rohi khud ravona kunad, vay az uhdai idorakunii davlat xub namebaroyad. Inro bo taasuf meguyam charo, ki Zoirovro hamchun shaxsiyat xele naghz mebinam.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)