Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 12:52

Худдории қирғизҳо аз идомаи сохтмони роҳи “баҳсбарангез”

27 январ 2014, 09:44

Ҷониби Қирғизистон нисфирӯзи якшанбе, 26 январ, сохтмони роҳи баҳсбарангези Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки баҳонаи тирпарронии 11 январи соли ҷорӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз дониста мешавад, қатъ қардааст.

Дар ин бора як манбаи аз ноҳияи Исфара ба “Озодагон” иттилоъ дода, афзуд, қирғизҳо қисми асосии техникаи сохтмонияшонро берун бурдаанд. Мусоҳиби мо афзуд, айин ҳол қисмати дигаре аз таҷҳизоти сохтмонӣ дар роҳ боқӣ мондааст ва нияти ниҳоии қирғизҳо баъд аз зӯҳри 27 январ муайян мешавад. Ӯ таъкид намуд, ки имрӯз, 27-уми январ гуфтушуниди дутарафа идома хоҳад дошт.

Ин дар ҳолест, ки сохтмони ин роҳ, ки қисмати асосии он аз қаламрави баҳсбарангез мегузарад, 11 январ бо тирпарронӣ миёни марзбонҳои тоҷику қирғиз оварда буд. Шараф Файзуллоев, сардори сарситоди қушӯнҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шарҳи иллати сар задани ин тирпаронӣ гуфта буд, “ҷониби Қирғизистон ба дастури ноиби нахуствазири Қирғизистон Тоқон Мамитов истинод карда, сохтмони роҳи мошингарди Кӯктош-Оқсой-Тамдиқро, ки аксаран аз ҳудуди Тоҷикистон мегузарад, аз нав давом дод.”

Дар ҳоле ки ба гуфтаи генерал Файзуллоев, бар асоси протоколе, ки соли 2008 миёни мақомоти тоҷику қирғиз омода шудааст, ҷонибҳо дар қитъаҳои баҳсбарангези марз, ки ҳанӯз аломатгузорӣ нашудааст, набояд сохтмоне ба роҳ бимонанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Арзу сипос ва дуруди саросари мехр ба шумо хабарнигорони "Озадагон"Хабарест фаври ва малхами дилхо барои мо мусофирон. Хозир зуд ба дустон мерасонам... Ханаатон обод бод!!!
Посух додан
  • Халимхон

  • 27 январ 2014 11:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
рахмат шумоба
Посух додан
  • tojik

  • 27 январ 2014 11:57
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Sarosema nashaved, Akipress-i kirgizhoro choned. Onho rohro sochta istodaand...
Посух додан
  • Изхор

  • 27 январ 2014 12:46
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
дигар як вачаб хоки ватана ба касе намедихем, як бор хато кардем бас!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
хех ягонта рузноманигор исел кунтон ика аз харки дуруга нанависта роха сохсос вахо
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хабари хуш.бояд инро киргизхо пештар фикр мекарданд.то ин дарача расидан намемемондан.то хол байни ин ду миллат муносибати хеле хуб буд.ва бовари дорам оянда низ нагз.мешавад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ташаккури зиёд Озодагон!
Мо хама бовар кунед дар фикру зикри хамин масъала хастем.Мо хама ба фикри Хоча Аълои азиз хастем.Муборак бод ин сарзамин!
Мо гохо сайтхои киргизиро кушода мехонем,ки чи натича шуда бошед.Ва шукри Худо ки журналистони ба ору нанги точик дар садади ин масъала хастанд.
Сарбаланду хонаободии якояки шуморо хохонам!!!
Пируз бошед!
Посух додан
  • Хочаи Аълоги

  • 28 январ 2014 01:17
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Дар хакикат киргиз техникахояшро гирифта бурд,аммо ин маънои онро надорад,ки аз сохтани рох даст кашид.Кори тракторхояш дар ин мавзеъ ба охир расид бинобар ин бурд.Аммо корро давом дода истодааст.Акнун ба кухкафони огоз мекунад.

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!