Бахшҳо

ВИДЕО: Устову Масто нест. Ҳаҷви тоҷик ба Сайнуқриддин мондааст?

Дигар Устову Масто нест, Убайдулло Раҷабу Қопчахону Почохон ҳам нестанд. “Чойхонаи Мушфиқӣ” кӯҳна шуд. Бо гузашти чанд сол якбора ҳама “ҷентелмэн” шудаву каме “бугу-магӯ” карданд, вале дер напоид ва зуд суқут кард.

Бахтиёру Ташриф бо “Ғарибшо компания”- ашон муваффақтар буданд, аммо 20 сол пеш. Ҳоло чизи наве дар кӯлборашон нест. Ташриф ба саҳна мебарояд, “А” мегӯяду медонем, ки Б, В, Г, Ғ...-аш чист. Ҳамон армия, ҳамон Сайнуқриддин ва ҳамон нос… Аммо, бо ин вуҷуд, “Ғарибшо компания” дар ҳоли ҳозир аз ягона гуруҳҳои ҳаҷвист, ки каму беш мушкили зиндагӣ ва ҳақиқати ҳолро зери сояи ҳаҷв баён мекунад.

“Арабшо” аз хаҷв фарсахҳо дур аст, аммо ба масхарабозӣ хеле наздик. Онҳо талоши филмофарӣ мекунанд ва ба қавлашон ду кино ҳам таҳия кардаанд. Агар аробаи синамои тоҷик ба ҳадде шаллақ шудааст, ки онро истеъдодҳое ба монанди гуруҳи “Арабшо” мекашанд, пас, шикастану пора шуданаш беҳтар. Мепурсед, чаро аз “Лаҳзаҳои гуворо” нагуфтем? Мегӯем. Он аз муваффақтарин тарҳи ҳаҷвнигорони тоҷик буд, ки гӯиё рисолаташро иҷро карду рафт. Дигар “Лаҳзаҳои гуворо” ё лаҳза нестанд ё гуворо. Ҳаҷве дар қолаби ин тарҳ бояд хеле кӯтоҳу нишонрас бошад. “Лаҳзаҳои гуворо” хеле дурудароз аст. Барои он ки мо бихандем, бояд дурудароз кӯчаву тангкӯча, мошинронӣ, салому алейк, маъракаравӣ, ошкашиву ошхӯрии қаҳрамонҳояшро тамошо кунем. Ва танҳо дар нуқтаи охир як гапи нимколахандаоварро мешунавем.



Ҳаҷв ниёз ба зӯр зада дар объектив ҳарф заданро надорад. Ҳаҷв гапи кам ва ҳаракатҳои ҷолибро меписандад. Намунааш тарҳи русии “6 кадр” аст, ки баъзан саҳна ҳатто матн ҳам надорад. Ҳаҷви тоҷик навгаро нест. Ҳама саҳнаҳо такрор ва дар асоси латифаҳои мардумианд, ки оғоз нашуда, аллакай бинанда медонад, ки чӣ гуна ҷамъбаст мегардад.

“Шӯхиҳои Аловиддин” ҳам ба ҳамин категория шомил аст. Ҳарчанд он метавонад тарҳи хеле муваффақ дар ҳаҷви тоҷик бошад. Истеъдоди Аловиддин ва нақши даҳҳо образро ба таври аҳсант иҷро карданаш, қобили ситоиш аст, аммо дар баробари ин қадар ранҷ агар ба нав кардани саҳнаҳо иқдом кунад, олӣ ва беҳтарин мешавад. Мутаассифона, “Шӯхиҳои Аловиддин” дорои кулминатсия ҳам нест. Дар нуқтаи авҷ саҳна тамом намешавад.

Ҳаҷви тоҷик прогрессивӣ нест, то ҳол “янга, ҳо янга”-гӯиҳо, замину ҳотаву қишлоқу мурғу сагу хар ё кӯтоҳу дағал ҳаҷви колхозӣ боқӣ мондааст. Дар мо на бо сухан, балки бештар бо либосҳои даридаву ҷӯлида ва “девонагиҳо” мехоҳанд мардумро бихандонанд. Ва боз ҳам барои қиёс дар тарҳҳои русии “6 кадр” ё “Даешь молодежь” саҳнаҳо дар бонк, офисҳои замонавӣ, кошонаҳои ҳусн, донишгоҳҳо мегузарад. Зоҳиран ҳаҷви мо пир шудааст. Гуруҳҳои ҳаҷвнигор миёни ҷавонон тақрибан нест. “Хандинкамон”, “Шакарханд” ва “Маҳфилоро” ҳам мисли “Ғарибшо”-ву “Лаҳзаҳои гуворо” ва “Шӯхиҳои Аловиддин” аҳён-аҳён саҳнаҳои ҷолибу хотирмон доранду солҳои сол бо ҳамон иктифо намуда, бо андак илова онро такрор мекунанд.

Он чӣ гуфтем аз дидаву шунида ва хулосабарории мо буд. Агар бо мо розӣ нестед, андешаи худро зери навор бинависед.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ман бо ин матлаб сад дар сад ҳамовозӣ мекунам, зеро ин нуктаҳое, ки баён шудан асос доранд. Чизи дигаре, ки дар ҳаҷви тоҷик боиси нигаронист ин ба риштаи ҳаҷв ( аммо ин ҳамчун таҳҷир аст) кашидани ҳаёти деҳот аст. Ин қадар дар ҷомеа проблема мутаассифона бархе аз ҳаҷвнигорони мо онро намебинанд. Мо ( дар назар астаҳли ҷомеа) ба соҳаи варзиш таваҷҷӯҳ намуда то андозае муваффақ шудем, акнун фурсати он расид, ки ба сатъат, аз ҷумла ҳаҷв, шеъру шоирӣ ва кинову театр таваҷҷӯҳ намуда шароиту имконият фароҳам оварем ва баъзе имтиёзҳо низ ҷорӣ карда шаванд

абдул
озодагон мавзуро дуруст мондед.дар хакикат имруз ягон хачви
точик тамошобоб нест,чунки ба фикри ман ягон артисти касби
\професионали\ намондааст...

о
Точики имруза аз руи мафкурааш ба мардуми кишлок табдил ефтааст. Хама он чизе ки мо дорем дар сатхи ана хамон кишлок аст. Кучо санъати волову касби.....

Мухтарам хабарнигор (харчанд аз руи навиштаатон маълум, ки собикаи навис-нависатон кам аст) ва муаллифи хамин нигошта!!! Хазлу Шухи - ин ба худ мухит дорад!!! Дар мухити кунуни Гарибшо ва Ташриф аз хамма гуфтаатон боло меистад. Ба навиштачоти Шумо ризо шуда наметавонам, чунки стили яка (Stend up) ба мардуми мо ошно нест!!! Дар хама махалаву нохия хо якаронхо (СТЕНДАПЕРХО)-И ХУДРО ДОРАД!! Барои мисол: -Дар ш.Кулоб Мукимчонро аз театри Хучад ба туй даъват намоед, мардум уро намефахмад! Хамчунин ин ДОН-ЖУАНРО дар нохияхои Гончиву АШТ! Хулоса минталитети харяк махали Мо дигар аст!! Оиди барномахои ТВ РФ чаро, ки ТНТ ро ном нагирифтед? ва ё Шумо факат СТС тамошо мекунед? Дар ТНТ бисёр барномахои хазли аст, ки НАМЕХОХАМ ширинкорони Мо аз онхо ибрат гирифтаю ба изати нафси касе халалдор шаванд! Лахзахои Гуворо - бале ин аввалан шахсони шинохтаи ЧТ астанд! Чи дар шимолу чи дар чануб ба онхо осон аст!!! Аммо махсулоташонро ба ки ФУРУШАНД??? Магар ТВТ ва ё Сафинаю Бахористон, ки хамагон давлатианд метавонанд ба худ ин амалро раво бинанд? -НЕ! Пас мехнат менамои, ки махсулотатро харанд!!! Худи Шумо дар 1-сол чанд маротиба ба ТЕАРТ меравед? Хулоса бароред - аз зиндагии актёри барчастаи халкии СССР, артисти хизматнишондодаи РТ, дорандаи ордени дарачаи 2- СПИТАМЕН! ХОШИМ ГАДОЕВ! Агар надонед пурсед дар кадом сатхи ичтимои карор доранд!!! Хулосаи шахсии ман: -ТО вакте, ки ВАО озод набошад, дар катори ТВ давлати таносубан ТВ шахси ваё комерсиони арзи вучуд нанамоянд, гуфтахои ману Шумо як боди холиест, ки на вазн дораду на буй ва на оянда!

Хачвнигорони точик Шумо як бор Камеди Клаб е Камеди Вуман ро тамошо кунед аз суханхои озоди сахнави онхо ибрат гиред! Хамаро бо таври шухи хачв мекунанд то призидену вазиронро! Ай мо бошад факат детски шудаги хафа нашед

Садри jаlol !! гуфтахои шумо сад дар сад дуруст аст

Ваххоб
ман хайрон барои чи ин видеохои фачро ба монанди Зангирии Мугамбо ва гайраро ичозат медиханд ки ба фурущ бароварда шаванд. наход мо ин кадар миллати паст бошем!!??

Хонанда
Рости дар бораи хачви точик дигар хочати гап нест. Хамара чазир карда партофтанд. Хамаи камбудихоро хуб ошкор кардед. Чизи нав надоранд. Сахнахои гарибшо кухна шудааст, Аловадин дар чонмон задай, Арабшо маскарабоз шуд, шакарханд бобои Саид, Лахзахои гуворо ногувор шуд, Хандинкамон Сулаймон шуд, хачв дар миён намонд. Вой бар холи хачви имрузаи мо.

жанри ҳаҷву мутоиба яке аз жанрҳои нозук ва мушкилтарини адабиёт ба шумор мераванд ва барои онро аз тариқи кино, театр ва телевизион пешкаши мардум намудан аввал сценарияи бакувват зарур аст, ки ин кори сценариянависон мебошад.Пас аз он режиссураи касбӣ ва баъд аз он интихоби ҳунарманд сурат мегирад ва он гоҳ мумкин аст ки натиҷаи касбӣ ва ё дилхоҳ ба даст ояд.Дар Тоҷикистон ҳамаи ин баръакс аст.Ҳунарманд.нависанда ва коргардон.Ба гуфти русҳо " три в одном" ки билохира натиҷаю мӯҳтавои кор ба гуфти шумо мазмуни қишлоқию колхозиро мегирад.Вале аз тарафи дигар нигоҳ кунем, тамоми паҳлуҳои фарҳангию иҷтимоии зиндагии мо имруз дар чунин сатҳ қарор дорад ва жанри юмору сатира яке аз нишондиҳандаҳои он аст.

salom inho chikhele kardan baroy khudashon va baroy khalkamon Bisyor korhoi khandaaovar kardan man tashakkuri khudama merasonam ba hamai hajvnigoroni khandokhan az jumla lahzahoi guvoro badan yak chizi digar ki hamin jurnaliste ki gap zadast makul nashud yakbor khudasha monada gush kunad jurnalist bo hayajon gap boyad zanad ki hama bo zavk gush kunad man gush kardam khobam omad avval boyad khudro isloh kuni vad digaronro tashakkur

Точикак
Бешак хачву суруду фархангу адабиёту дигар "надстройкахо" ба кавли Маркс дар "базис" бояд чой бигиранд, ки имруз базис суст аст, балки нест. Охир раисро хачв намояд пагох ба шуъбаи милиса мебаранду чунон мезананд, ки ба кавли худаш мурдаи Ленинро ба гардан мегирад. Пас бечора факат дехкону колхозчию солдатакхоро хачв карда гаштааст.
Решаи масъала дигар хеле чукур аст, айби гарибшову арбшохо нест балки запроси мардум хамин хел аст.

Daler
bar padarut rahmat. Jigari gapa gufted. Ba Umed yak hajv tamosho kunam megi az hamun vaqti sarfshudaat chunon pushaymon meshavi ki.

Яздигурд
Хачви мо,фарханги мо,адабиёти мо,телевизион,радио ва матбуоти мо дигар хама чупони-лакайи шудааст.Чун ин мардуми сари давлати буда, аз точикият фарсаххо дуранд!

фсб
хамаи хачвнигорои мо дуруган

[]Daler[], бародар ту рост мегуи ин милисаю хукуматдорони мо ин кадар аз дунё кафомондаанд ки хатто фарки байни ТАКЛИД У ТАНКИДРО сарфахм намераванд зеро дар сахна таклид кардан мумкин аст лекин дар хаёт танкидро факат журналистон хак доранд кисса кутох ЧУПОН чи гуна БУЗУ ГУСФАНДОН НАМУНА. Барои хачвнигори бисёртар аз адабиёти чахон бохабар шудану хондан даркор дониши бузург даркор ин актёрони мо аёр шудаанд БОЗ ГУФТАНИЯМ КИ ИНХЕЛ РАВИЯЕ (СИСТЕМА) КИ хачв нишон медиханд кайхо кухна шудааст бояд чизи нав сохт!!!!!!

100 фоиз дуруст Шухихои бемаъни чунки чихеле ки мардум мегуяд калу кур хама актер шудааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)