Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 11:01

Гиряҳои Бозор Собир ва таассуфи ӯ дар Шабакаи аввал

27 январ 2014, 10:42

Шабакаи аввали телевизиони давлатии Тоҷикистон дар барномаи навбатии “Президенти мардумӣ” наворҳоеро дар бораи Бозор Собир, шоири тоҷик, намоиш дод, ки ҳадди ақалл даҳ соли қабл сабт шуда, то ин вақт аз пахши он худдорӣ мешуд.

Дар яке аз ин наворҳо Бозор Собир ҳангоми хондани таронаи “Аз хоки Ватан дар дили ман гӯри падар монд...” сахт гиря мекард ва ин навор тақрибан даҳ соли пеш сабт шудааст. Ин навори видеоиро чаҳор соли пеш телевизиони Симои мустақили Тоҷикистон дар 72-солагии Бозор Собир, замоне ки телевизионҳои давлатӣ аз гирифтани номи ӯ худдорӣ мекарданд, намоиш дода буд.

Дар барномаи “Президенти мардумӣ” ба ҷуз истифодаи наворҳо аз бойгонӣ, худи Бозор Собир низ ҳузур дошт, ки бештар пурсишу посухҳо атрофи эҷодиёти кӯҳнаву тоза ва сафару бозгашти ӯ ба Ватан, аз ҷумла иштибоҳҳои кардааш буданд. Худи шоир аз он дар таассуф буд, ки дар гузашта бо сабаби поин будани сатҳи фаҳмиши сиёсияш даст ба эҷоди бархе аз шеърҳо задааст, ки қобили қабул нестанд. Ҳарчанд ӯ дақиқан нагуфт, кадом шеъраш иштибоҳан эҷод шудааст, вале изҳор дошт, ки агар дар гузашта, чунин фаҳмиши сиёсӣ ба мисли имрӯз медошт, ҳаргиз чунин шеърҳо наменавишт: “Мо он вақтҳо хеле саводи сиёсии мухтасар доштем, ҳоло низ аксари мардуми тоҷик, аз ҷумла нависандагону олимони тоҷик саводи сиёсии кам доранд.”

Муаллифони “Президенти мардумӣ” як қисмати барномаи худро дар бораи Темур Собиров, бародари Бозор Собир низ бахшида, чанд бор акси модари ӯро низ намоиш доданд. Дар ин қисмат, Бибикалон Собирова, хоҳари шоири тоҷик дар бораи меҳри бародарии аз ҳад зиёди Бозор Собир ва обод шудани қабристони деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод аз сӯи ӯ сухан мекард. Инчунин, дар барномаи мазкур қиссаҳо дар бораи зодгоҳи шоир - деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод шуда, аз ӯ дар бораи вуҷуди созмону ҳаракатҳои дорои аҳдофи ғаразнок дарТоҷикистон саволҳо мешуд. Бозор Собир аз он ибрози нигаронӣ дошт, ки ҳоло дар Тоҷикистон, бахусус Душанбе беш аз 1000 созмони хориҷии иртиҷоӣ фаъолият дорад, ки ба гумроҳ кардани ҷавонони тоҷик машғуланд.

Саидқул Билолов, ҳунарманди тоҷик низ, ки яке аз иштирокдорони барномаи “Президенти мардумӣ” буд, ба тавсифу мадҳи шоири бозгаштаи тоҷик ба Ватан пардохта, мегуфт, ин 20 соли ғурбат шоир Бозор Собирро шоиртар кардааст: “Аслан ин устоди мо чи тавре дар равияҳои аҳли тасаввуф мегӯянд, дар узлат буд, касе ёфт намешуд шеърҳои ӯро хонад...” Дар лаҳзаҳои охири барнома навори видеоии ҳангоми бозгашти шоир ба Ватан намоиш дода мешуд, ки Бозор Собир дар ин қисмат аз тамоми зиёиёну соҳибони ақлу хирад даъват мекард, то дар канори Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон гирд оянд: “Аз муаллим то академик дар паҳлуи президент буданаш беҳтар аст, чун мегӯянд, ақлҳоро ақлҳо ёрӣ диҳад!”

Бозор Собир аз соли 1979 то 1989 мушовири бахши шеъри Иттиҳодияи нависандагони Тоҷикистон буд. «Оташбарг», «Гули хор», «Мижгони шаб», «Офтобниҳол», «Бо чамидан, бо чашидан…», «Чашми сафедор», «Аз Ватан вақте ки мерафтам» ва «Аз «Гули хор» то «Симхор» маҷмӯаҳои шеърии ӯянд. Бозор Собир соли 1988 барои «Бо чамидан, бо чашидан…» ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакиро гирифтааст. Оқои Собир баъд аз 19 соли муҳоҷират дар Русияву Амрико, нимаи дувуми соли гузашта, ба кишвар омад ва ҳоло дар манзиле, ки аз сӯи мақомот барои ӯ дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе дода шудааст, зиндагӣ мекунад. Вай соли 1938 дар деҳаи Сӯфиёни ноҳияи Файзобод ба дунё омада, дар оғози солҳои навадум дар саргаҳи ҳаракатҳои истиқлолхоҳи кишвар буд.

Ӯ ягона шоире дониста мешуд, ки дар замони пойбарҷоии Шӯравии пешин дар васфи раҳбаронаш шеъре нагуфта. Вале баъд аз мустақилияти Тоҷикистон ва ҳиҷраташ ба Маскаву Амрико, ӯ низоми демократиро зери бори танқид гирифта, қисмати зиёди шеърҳояшро барои Ленину Сталин ва низоми Шӯравӣ бахшид. Ҳатто дар яке аз шеърҳояш, ки дар маҷмӯаи "Лолаи сиёҳ" нашр шудааст, Бозор Собир мухолифати худ барои тағйири номи Ленинободи собиқ ба Хуҷандро баён доштааст.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • 4

  • 27 январ 2014 10:55
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худо хеч касро ба ин рузе, ки Бозор Собир расидааст, нарасонад. Беномуси барои мард ба марг баробар аст.
Посух додан
  • мард

  • 27 январ 2014 11:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шоир шудан осон, одам шудан даркор, одаааааааааам, одааааааааам. Холо хам нафахмидед мистер бозор собир?
Посух додан
  • рови

  • 27 январ 2014 11:33
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
фардо дар рузи махшар бо ленин мехези
Посух додан
  • Адолатхох

  • 27 январ 2014 11:48
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Афсус, ки дигар бузургшоириат ба охир расид, ту дигар ормонхои ин миллатро васф карда наметавони. Аз ин баъд фахмиши сиёсии ту паст мешавад ва шеърхои туро мавзухое чун аз ислом дур кардани чавонон, пахтачон пахта, рогунчон, шукронакуни, васфи кушодошавии иншооту роххои пулаки ва г... дар бар мегирад. Дигар ба гумон аст, ки дар бораи 2 милион мухочири бесохиб, бебаркию беадолатии суди ва он чизеро, ки дарди дили мардум аст шеъре нависи. Шабакаи аввал худаш як шабакаи беобуру хаст, чаро дар набудат боре ба неки номатро набурданд. Бехтараш он шабака худашро шабакаи ХХДТ ном гузорад.
Посух додан
  • зардушт

  • 27 январ 2014 12:14
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
шоире ки мегуяд ман шеърхои хато гуфтаам аслан шоир нест.Бозор шоири дарборист на шоири мардуми .Хайфи шоирият
Посух додан
  • Шоири чавон

  • 27 январ 2014 13:08
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Шафоъатро ту аз Ленинабуят хох,
Ки рузи махшар аз лутфи Худоят бенасиб хасти.
Бо он ашъори пучи хеш, сиях бинмуди Исломро,
На Ленину на ин "оличанобат" хеч ёрият нахоханд дод.
Ту дини чадди худро бо лакиданхои бемаъни,
Сиях карди, хазорон навъ гунах карди.
Кунун хуршеди умрат майл суи гарб бинмуда,
Ту акси хохиши умрат ба суи шарк баргашти.
Чу абзори сиёси гаштаи, эй шоири "машхур",
Намебин магар, ё харду чашмат ориянд аз нур?
Ту бинои, валекин холи зорат бадтар аст аз кур,
Чароки гаштаи манфур, ба мисоли алозанбур.
Инак мадхия хон то он замон, ки мерави дар гур,
Ало, эй шоири халтур!
Посух додан
  • Njxbr

  • 27 январ 2014 13:09
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Олга Т дар АЗия Плюс хакикатро гуфт ва вокеан сухани Ленин ба Бозор Собир рост меояд!!!
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Наход мо хам бо хамин азобхои дар гариби кашидаамон ,баъди чанде мисли шоир Бозор Собир имонамонро бо ивази хонаю дари дар маркпаз ва пули бисёр иваз кунем?Хеч гох дар майдон истоданхоямонро фаромуш намекунам.Харчанд,ки у факат худашро шоири зиндонию дигархоро шоирони зиндонбон гуфта буд,Хайфо ватоно,ки шоири инкилобиат дар акоидаш намонд У хам фурухта шуд .Вой бар холи ватанам.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
ХУДОВАНД ДАР ҚУРЪОН МЕФАРМОЯД: "ШОИРОНРО ГУМРОҲОН ПАЙРАВӢ МЕКУНАНД" ЯЪНЕ ШОИРОНЕ ЧУН БОЗОР СОБИР ДАР НАЗАР АСТ. НА ШОИРОНЕ, КИ ДАР АСОСИ ИЛМИ САҲЕҲ ШЕЪР МЕНАВИСАНД ВА БА ХУДО ВА ДИНИ Ӯ МУХОЛИФАИ НАМЕВАРХАНД. АФСУС БАРОИ ЧУНИН ШОИР. МАВҚЕЪ НАЛОРАД ЯК РӮЗ ДАР ЯК ВОДӢ АСТ РӮЗИ ДИГАР ДАР ДИГАР ВОДӢ. ҲОЛОҲАМ САРИ ВАҚТ АСТ АЗ ИН РОҲ БАРГАРДЕД.
Посух додан
  • Asad

  • 27 январ 2014 15:35
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Bozor sobir dar piri aqlashro gum kard. Na tanho aqlashro balki imonashro niz.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Худоё сарнавишти мо зи сар кун,
Ва моро миллате соҳибназар кун.
Абармардаш агар Бозор бошад,
Ту моро беҳтараш аз хайли хар кун.
Посух додан
  • Файзи чармгарон

  • 27 январ 2014 16:15
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акаи Бозорали!
Сарро ба сари ин девонаҳо намон. Имрӯз Амрико дунёро идора мекунад. Бо ақл. Дар ҳамин Амрико вақте бисёр маҳмадоногӣ кардӣ, мегӯянд: агар ту боақл бошӣ чӣ қадар пул дорӣ?
Рӯдакиро кӯр карданд, Фирдавсиро зери пои филҳо афканданӣ буданд, Ҳилолиро дар бозори Ҳирот сарашро кафонданд. Бо ба ҳамин монанд садҳо мисоли дигар, ки ҳама медонанд.
Дар таърихи миллати тоҷик як шоири боақл худат баромадӣ, ки хона гирифтӣ. Боз достон навис дача гир вой ҷони худат...
Ҳамин бадбахтҳое, ки шуморо танқид мекунанд - агар як обеди бепулашон диҳанд дар ҳаққӣ ҳукумат "Шоҳнома" менависанд...
Озодагон мард бошӣ озодагиатро нишон деҳ - чоп кун!
Посух додан
  • Cуруш

  • 27 январ 2014 18:59
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Туфу бар исломатогн! Инро хонед ва фахмед, ки исломи шумо чист!!!

Тамаддуни исломӣ чист?
1) Шаҳрсозӣ боризтарин намоди тамаддун аст. Оё ҷиҳодгароне ки исломро густурданд, шаҳрсозӣ медонистанд? На, зеро ё биёбонгарди чодирнишин буданд, ё аз Макка ва Мадина омаданд, ки ду рустои бисёр ақибмонда ва партафтода аз ҳошияи тамаддуни ҷаҳонӣ буданд.
2) Ҷодасозӣ намоди тамаддун аст. Оё ҷиҳодгароне ки исломро густурданд, ҷодасозӣ медонистанд? На, биёбонгардоне буданд, ки масирашонро бо нишона кардани ситора ва хуршед мепаймуданд ва ниёз ба ҷода надоштанд то ҷодасозӣ омӯхта бошанд.
3) Пулсозӣ намоди тамаддун аст. Оё ҷиҳодгароне ки исломро густурданд, пулсозиро мешинохтанд? На, то вакте, ки ба Ирон омаданд, намедонистанд, ки пул чӣ гуна сохта мешавад.
4) Санъат намоди тамаддун аст. Оё ҷиҳодгароне ки исломро густурданд, санъате доштанд? На, санъатгарӣ ва санъатгаронро хор мешумурданд.
5) Ташкилоти давлатӣ бартарин намоди тамаддун аст. Оё исломиёне, ки ба Ховари Миёна омаданд, ташкилоти давлатиро мешинохтанд? На, онҳо бо бидойитарин шакли давлат ва ҳукумат низ ошно набуданд ва танҳо ниҳоде ки мешинохтанд қабила буд ва танҳо шакли зиндагии ҷамъӣ ки мешинохтанд зиндагии қабилайӣ буд.
Ба далоили боло, набояд гуфт тамаддуни исломӣ, балки бояд гуфт тамаддун дар сарзаминҳои исломишуда. Тамаддун аз они исломиён набуд, аз он мардуме буд, ки аз қазои рӯзгор ба зери султаи шамшери ҷиҳодгарони ислом даромаданд. Ислом тамаддун насохт, исломиён баъдҳо бархе аз усул ва арзишҳои тамаддуниро аз мардуми сарзаминҳои зери сулатаашон пазируфтанд. Аз худашон тамаддун надоштанд.
«شادروان امیر حسین خنجی» درباره «تمدن اسلامی»
Посух додан
  • Якрав

  • 28 январ 2014 07:02
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Файзи чармгарон,

Оре. Бобои Файз ин марадуми дусткушу душманпарвар аст. Рушон ба худи сиёх аст, бародараш як дона нон аз у зиёд ёфт талхакаф мешаваанд.
Посух додан
  • shams

  • 28 январ 2014 09:20
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Бечора Бозор, гуфтанист ки *БОСАВОД* шуда

У хомпухта хануз андар пайи ЯК КУЧА аст.
Ба қафо | Ба пеш

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!