Бахшҳо

ВИДЕО: Ҳимояти вазири фарҳанг аз дастури Убайдуллоев дар мавриди реп

Шамсиддин Орумбеков, вазири фарҳанги Тоҷикистон, 27 январ зимни нишасти матбуотӣ аз дастури Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе дар мавриди танзими муҳтавои сурудҳо дар мусофирбарҳо ҳимоят кард.

Орумбеков аз ҷумла репро мисол оварда, гуфт, ҳар чиз муҳтавои худро дорад ва ҳар он чизе, ки зидди аҳолӣ ва фарҳанг аст, бояд манъ карда шавад: “Реп танҳо дар мошинҳои мусофирбар манъ карда шудааст. Аммо он репҳоеро, ки дар мавриди ватандустӣ ва дигар мавзӯъҳои ахлоқиву тарбиявӣ суруда шудаанд, касе манъ накардааст.”

Ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе, дастур додааст, дар нақлиёти мусофирбари пойтахт баландии садои мусиқӣ ва муҳтавои сурудҳо зери назорат гирифта шаванд. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ Убайдуллоев қарор намудааст, ки дар ҳудуди Душанбе, аз пахши мусиқиҳои ғайритарбиявӣ, ки боиси беэҳтиромии арзишҳои миллию умумибашарӣ ва фарҳангӣ мебошанд, ҷилавгирӣ карда шавад.




Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Собир
Ин чиза пеши рохашро гирифта намешавад, бародаро. Дар Амрико магар репа манъ карда метавонанд? Чизи нодаркор бошад худаш аз байн меравад. Бинед холо ба Фалаку Шашмаком эътибор кохиш ёфта истодааст...

О, Пируф дуруст мехони ки Манасро дар электричка гуш наменан. Мо миллати хушбахтем, ки 24 соат дар шабакахои ТВ-и давлатии Точикистон бобои Файзу шикамбаи у, рудахои у, дилу чигараша гуш менем, о? (((

Рэпхон
Ахсан, ки як кори муфид мекардаанд. Рэпро умуман манъ кунед. Ин жанр бо аржишхои миллии мо созгор набуда, ахлоки чавононро коста месозад. Мо хам тарафдори Убайдуллоев.

сайфиддин
Ин вазири навтайиншуда фармоиши уббайдуллоевро ичро накунаду кандаша хурад обратно ба пом ир гуселаш мекунанд.Симойи вазири хам надорад маълум ки тарсу аст.

Ин нишасти матбуотии вазорати фархангро лахзахои гуворо гуем хато намекунем, гуеки Пиров вазир бошад. Мухтарам Орумбеков эхтиет бошед ки аз тагатон об намонад Пиров. И еще вы говорите с акцентом.

А бача хаму дасти Пиров дай ipad ай, ика рекламаш кард. Нодида чиро дида..

Ин чаноб ,ки мехоханд расми рузноманигорро бигиранд ,ба он хотир ,ки рузноманигор аз ешон видео ва акс гирифтааст. Мухтарам муовин , Шумо он хакке ,ки рузноманигорон доранд надоред , рузноманигор инъикосгари шумост ,на шумо инъикосгари ешон .
Агар хохед ,ки дар чомеа мухтарам бошед ,бояд худро ехтиром намоед !

фархангшино
Офарин ба махмасаид убайдулоев агар у хамин корро барои мардумаш накунад пас чи кори дуруст метавонад кунад? Реп як падидаи номатлуб аст ва гуяндаи он аз садои худод ва ширинаш истифода накарда бо садои баде ки у мебарорад боиси тагири фарханги арзишманди мо ба як фарханги беарзиш мешавад

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)