Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 13:11

Бишкек монеасозиҳо барои тоҷикон дар "Манас"-ро рад кард

27 январ 2014, 13:09

Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабари дармондани шаҳрвандони Тоҷикистон дар фурудгоҳи “Манас”-ро рад кардааст.

Гулмира Борубаева, котиби матбуотии Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, парвози хатсайрҳои самти Душанбе-Бишкек тибқи ҷадвал сурат гирифта, ягон маҳдудияте барои шаҳрванди Тоҷикистон ҳангоми убури марз ҷорӣ нашудааст.

Хонум Борубаева таъкид доштааст, ки ҳар чанд муваққатан вуруд ва хуруҷи нақлиёт ва шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон тариқи гузаргоҳҳои марзӣ манъ аст. Вале ба гуфтаи ӯ, тавассути ҳавопаймо шаҳрвандони ду кишвар бемамониат метавонанд, ба ватани ҳамдигар сафар кунанд.

Ин дар ҳолест, ки Оҷонси иттилоотии “Азия Плюс” шоми рӯзи 26 аз дармондани чанд нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, аз ҷумла Парвиз Мулоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик дар фурудгоҳи “Манас” хабар дода буд. Ба иттилои манбаъ, кормандони Хадамоти марзбонии Қирғизистон бидуни шарҳу тавзеҳот тӯли чанд соат ба ин шаҳрвандони Тоҷикистон иҷоза надодаанд, бинои фурудгоҳро тарк кунанд.

Бо мушкил рӯбарӯ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми убур аз марз дар фурудгоҳи “Манас” бори аввал нест, рӯзи 22 январ низ ба аз 35 шаҳрванди кишвар дар фурудгоҳи “Манас”-и Бишкек дармонданд.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
100дар 100рост аст .аз фурудгох моро гардондан гашта ба Душанбе омадем .Мочарои афсарон ба халки одди ба киммат афтод .Афсус! афсус. то ба кай халки моро азоб медиханд .ягон вачаб заминро мо гамедихем , бас аст .

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!