Бахшҳо
27 янв 2014 15:22Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Валиев хабари Сабзов дар бораи қиморхонаро беасос донист

Сироҷиддин Валиев, раиси “Тоҷикматлубот”, таъсиси қиморхонаи бузургтарини кишвар дар базаи дуюми ин ниҳод дар ноҳияи Ҳисорро бепоя хонд. Валиев рӯзи 27 январи соли ҷорӣ ҳангоми нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, “Тоҷикматлубот” феълан дар Ҳисор база надорад ва аз ин рӯ, ошкор шудани қиморхона марбут ба онҳо нест.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Усмон Сабзов, раиси ноҳияи Ҳисор, тайи як нишасти хабарӣ гуфта буд, дар пайи шикояти шаҳрвандон дар базаи дуюми “Тоҷикматлубот” гурӯҳҳоеро, ки даст ба қиморбозӣ мезаданд, ошкор ва боздошт намудаанд. Усмон Сабзов иброз намуда буд, бо ҳамроҳии Валиҷон Табаров, сардори Шӯъбаи умури дохилии ноҳия, маслиҳат намуда, ба макони қиморхона рафтаанд ва аз тамоми корҳое, ки ҷавонон он ҷо машғул мешудаанд, шахсан огоҳӣ ёфтаанд.

“Як рӯз сардори шӯъбаи корҳои дохилиро гуфтам, як ҷо говдуздӣ аст, мо рафта бо ҳамроҳи онҳо говдуздӣ мекунем ва ҳамин тариқ ҷинояткорҳоро боздошт мекунем. Либосҳои дигар пӯшидему рафтем. Бо ҳамон суроғаи додагӣ рафтем, ки дур набудааст, базаи дуюми Тоҷикматлубот, дар сари роҳ будааст. Вақте ки он ҷо рафтем, як одам истодагӣ мошинҳоро ҷо ба ҷо мекунад”,-нақл карда буд ӯ.

Ба қавли Усмон Сабзов, дар натиҷа аз ҳудуди 300 нафар дар маркази қиморбозӣ, 83 нафарашро худи ҳамон шаб боздошт намудаанд ва ҳамчунин 63 мошинро маҳкам намудаанд.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)
Мӯҳр
Ёраков
Сабзов дар нохияи Хисор Сардори ШКД равтаст ё КГБ нафахмидам. Ба фикрам ин кори макомотхои хифзи хукук аст ай аст ки ба чои кормандони макомот Раиси нохия ба ин кор машгул гавад. Бад хамон киморбозоне ки дар нохия аст аз хамааш ШКДи нохия бохабар аст кам пора гиранду софдилона кор кунанд. Бад аз ин кора кардана аз кафои сохтумону азнавсозии нохия шудан даркор ин ё кудак нести ки коро омузонемат.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)