Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 17:34

“Биё, ай нозанинам” - нахустин таронаи Баҳром дар PMC (ВИДЕО)

27 январ 2014, 15:34

Таронаи “Биё, ай нозанинам”-и Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи попи тоҷик нахустин клипи ӯст, ки тавассути PMC намоиш дода шуд.

Ин клип бори нахуст 20 январ ба эфир баромад ва тибқи қарордоди ширкати “ТопМедиа” бо ин шабакаи маъруфи мусиқии форсизабон ҳамарӯза ду се маротиба пахш мегардад.

Дар гузашта ин шабака чанд таронаи Садриддини Наҷмиддин, хонандаи номовари тоҷикро ҳам манзур карда буд.

Беҳрӯз Зеваров, раҳбари ширкати “ТопМедиа” ба “Озодагон” гуфт, онҳо муваффақ шуданд, ки раҳбарияти PMC-ро мутақоид созанд, то таронаҳо ба забони тоҷикиро ҳам намоиш бидиҳад. “Биё, ай нозанинам” клипест, ки дар Тоҷикистон наворбардорӣ ва таҳия гардидааст”,-афзуд ӯ.

Раҳбари ширкати “ТопМедиа” меафзояд, тибқи шартнома бо PMC, ояндаи наздик тавассути ин шабака клипҳои Ҷонибек Муродов, Ховар Муродов ва Таҳмина Ниёзова низ пахш хоҳанд шуд.




Бароми Ғафурӣ, яке аз хонандаҳои муваффақи попи Тоҷикистон аст. Соли 2011 дар расми тақдими ҷоизаҳои Big Apple Music Awards-и Амрико ширкат намуда, "Беҳтарин овозхони ҷавони Тоҷикистон" шинохта шуд.

"Муҳоҷирбача", "Модар", "Биё-биё", "Умри ман", "Чашми сиёҳ", "Шаробӣ" ва "Омадам" аз таронаҳои маъруфи Баҳроманд.

Дар филми "Сукут"-и коргардон Cироҷиддини Ғафурӣ нақш ҳам офаридааст.

Баҳроми Ғафурӣ 24 сентябри соли 2013 бо ширкати продюсерии "ТопМедиа" шартномаи ҳамкорӣ имзо кард.


Моро ҳамроҳӣ кунед:
Дар ФЕЙСБУК (FACEBOOK)
Дар ЮТЮБ (YOUTUBE)


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ин нахустин нест, аз ин пештар низ чанд овозхони точик аз ин шабака намоиш дода шуда буданд
Посух додан
  • mehrob

  • 27 январ 2014 18:40
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
НАШиди бахром
Посух додан
  • Darvesh

  • 28 январ 2014 01:16
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Ozodagon lahjai Tehroni az Eroniro farq kuned.....
Ba Bahrom Gafuri! Ritmhoi eroniro istifoda nakun ki kadom ruz qarzdorut mekunand!!!!!
Посух додан
  • Шерхон

  • 28 январ 2014 08:47
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Акнун ин тари бадам не)) Садриддин бе лахчаи эрони хам сурудхояш дар РМС рафтааст. Як бор тамошо кардан даркор.
Посух додан
  • ааа

  • 28 январ 2014 13:07
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
Хамин хам суруд шуд? Тавба. Ки хаминро гуш мекунад? Ба фикрам хамон духтари нимурен набошад дигар чизе кобили тамошову шунидан надорад.
Посух додан
  • Гуруҳ: Гости
  • Қайд: --
  • Мақом:
  • Шарҳҳо: 0
  • Матлаб: 0
А бача девонаша бхон читари байтай ин намешад!.....

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!